Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМужчина на избирательном участке в Душанбе
Мужчина на избирательном участке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи президентии 2020 дар Тоҷикистонро шаффоф ва демократӣ арзёбӣ карданд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Интихоботи президентии Тоҷикистон шаффоф ва рақобатпазир буд, гуфт Олег Белоконев  узви гурӯҳи нозирони Иттиҳои давлатҳои мустақил дар нишасти хабарӣ.

"Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон шаффоф ва рақобатпазир буд", - гуфт Белоконев.

Ӯ қайд кард, интихоботе, ки 11 октябр баргузор шуд, мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон ва қавонини кишвар гузаронида шуда ба ҳамаи принсипҳои байналмилалии демократия ҷавобгӯ мебошад.

Выступление президента Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд

Эмомалӣ Раҳмонро 4 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дастгирӣ кард

Пештар раҳбари ҳайъати Шӯрои Федератсия, Олег Мелниченко гуфт, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва риояи қавонини миллӣ баргузор шуд.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр доир шуд. 

Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи президенти Тоҷикистон аз шумори умумии 4 млн. 221 ҳазору 76 - нафар 85,39%-и интихобкунандагон ширкат карданд.

Чаро Усмонзодаро ба интихобот роҳ надоданд? шарҳи Худоёрзода ҳангоми эълони натиҷаҳо

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварданд.

Аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуда, бори панҷум дар интихобот пирӯз шуд.

Лентаи хабарҳо
0