06:27 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
50 0 0

Ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориро дар самтҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва танзими чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор доданд

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Дирӯз, 23 октябр мулоқоти маҷозии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) Владимир Воронков доир гардид.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад.

"Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориро дар самтҳои мубориза бо терроризму ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор доданд", - менависад манбаъ.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарони пешину навтаъйини JICA дар Тоҷикистон

Ҳамчунин Сироҷиддин Муҳриддин ва  Владимир Воронков аз танзими чорабиниҳои муштарак дар доираи "Раванди Душанбе" оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он сӯҳбат карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ