04:27 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
381010

Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, ҳаводиси ахир дар Фаронсаро шарҳ дода, муносибати феълии Ҳукумат ба динро иғвоангезӣ хонд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар пайи нашри тасвирҳои танзомези ҷадиди Пайғомбар Муҳаммад, Рамазон Қодиров дар саҳифаи Telegram назарашро дар бораи ҳаводиси ахир дар Фаронса баён дошт.

Ӯ ҳушдор дод, ки чунин амал пайомадҳои фоҷиабор дошта метавонанд ва мантиқан низ шубҳабарангезанд, чун “Макрон наметавонад, надонад, ки тасвирҳои танзомези Паёмбар барои шахси диндор дардоваранд”.

“Бо амалҳояш, ӯ баръакс оташро пуф карда истодааст, на хомӯш, ҳамон тавре, ки ҳар роҳбари солимфикр бояд мекард. Ҳеч гоҳ дар таърих чунин сиёсат бо хайр наанҷомидааст”, - илова намуд Қодиров.

Ду гунаҳкор: Қодиров гуфт, якеро қаҳрамону дигареро террорист сохтанд

Роҳбари Чеченистон аз Макрон даъват кард, ки иғвогарӣ дар мавриди мусалмононро қатъ кунад, зеро чунин сиёсат хеле пайомадҳои ҷиддии сиёсӣ дорад.

Қодиров илова намуд, ки маҳз тамасхури эътиқод мусалмонро ба куштори омӯзгор дар наздикии шаҳри  Порси таҳрик дод. Ӯ таъкид кард, ки дар ҳодисаи фоҷиабори мазкур ҳарду мард гунаҳкоранд, “аммо якеро ба дараҷаи қаҳрамони Фаронса мебардореду нафареро, ки ӯ таҳрик дод -  террорист сохтед”.

Сад баробар бадтар: Қодиров Макронро пешвои терроризм хонд

“Макрон, агар ту ӯро террорист меномӣ, дар ин ҳолат худат сад баробар бадтарӣ, чун ба терроризм водор мекунӣ, одамонро таҳрик медиҳӣ, интихоб намегузорӣ, ҳамаи шароитро барои бозгашти ғояҳои ифротгароӣ ба мағзи ҷавонон фароҳам мекунӣ. Метавонӣ роҳат худро пешво ва илҳомбахши терроризм дар кишвари худ ном бибарӣ”, - таъкид намуд Қодиров.

Мавзӯъҳои асосӣ