15:27 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
113 0 0

Шоҳи Нидерланд Уилям Александр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав ба симмати раҳбарии кишвар интихоб шуданаш муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Шоҳи Нидерланд Уилям Александр ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ равон кардааст, хабар медиҳад котиботи президенти Тоҷикистон.

Дар номаи табрикотӣ шоҳи Нидерланд гуфтааст, ки бесаброна интизори идомаи кори муштаракашон дар мавриди рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла ба ҳайси ташкилкунандагони Конференсияи Даҳсолаи захираҳои оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 мебошад.

Конференсияи мазкур ҷиҳати ба сатҳи бештар баландтар баровардани вазифаҳои хусусияти ҷаҳонидошта, барқарории муносиботи шарикии нав ва фановарӣ, дастгирии амалҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои умумиҷаҳонии мо нисбати захираҳои об, имконияти нодирро фароҳам меоварад, афзудааст Уилям Александр.

Шоҳи Нидерланд изҳори боварӣ кардааст, ки муносиботи созандаи байни кишварҳо минбаъд низ бар манфиату шукуфоии мардум рушд хоҳад кард.

Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ки будам: эҳсоситарин нуқтаҳои суханронии Президент

Ёдрас мешавем, интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

Дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд ва боз барои 7 соли дигар президент интихоб гардид.

Барчаспҳо:
нома, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Нидерланд

Мавзӯъҳои асосӣ