13:17 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
424 0 0

Доналд Трамп, раисиҷумҳури феълии ИМА пирӯзияшро дар интихоботи президентии 3 ноябр қабл аз анҷоми ҳисоби овозҳо эълон кард

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Доналд Трамп худро пирӯзи интихоботи президентии ИМА эълон кард, гарчанде шумориши раъйҳо феълан идома дорад.

“Мо дар интихобот пирӯз шудем. Мо дар иёлоте баранда шудем, ки интизори пирӯзӣ дар онҳоро надоштем”, - гуфт Трамп зимни суханронӣ дар назди интихобкунандагон.

Ӯ таъкид намудааст, ки барои эълони расмияш ҳамчун барандаи интихобот раванди сусти шумориши овозҳо халал мерасонад.

Ба гуфтаи Трамп, рақибаш Ҷо Байден, номзади демократҳо дарк кард, ки тавони пирӯзӣ дар интихоботро надорад.

Доналд Трамп таъкид намуд, ки барои ҳалли масъалаи натиҷаи интихоботи президентӣ омода аст, то Додгоҳи олӣ равад.

Ин дар ҳолест, ки феълан бар асоси ҳисоби овозҳо то соати 12:00 Байден бо ҷонибдории 66 миллион интихобкунанда 238 раъй гирифта, аз Трамп пеш гузаштааст.  Раисиҷумҳури феълӣ бо 213 раъй ва ҷонибдории 65 миллион нафар феълан дар мақоми дуюм қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон пирӯзии Трампро дар 6 аёлати дигар ва пирӯзии Байденро дар як аёлат пешгӯӣ мекунанд.

Барои раисиҷумҳури ИМА шудан, зарур аст, ки номзад 270 раъй ба даст орад, ки ин раъйҳо барои асоси натиҷаи овоздиҳӣ дар иёлоти алоҳида ҳисоб карда мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ