Аз тарси толиб ё алайҳи Раббонӣ? Абдуллову Ато оштӣ шуданд-акс

© акс аз саҳифаи Абдуллоҳ АбдуллоҳМулоқоти доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Устод Атомуҳаммади Нур
Мулоқоти доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Устод Атомуҳаммади Нур - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Устод Атомуҳаммади Нур, ду раҳбари тоҷикони Афғонистон, ки то ба ҳол сояи якдигарро аз девор метарошиданд, мулоқот карданд

ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik, Фахриддин Холбек. Хабари мулоқоти эшонро дафотири ҳарду раҳбари тоҷикони Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карда, гуфтанд, дар ин дидор дар бораи талошҳои сулҳ, музокироти Доҳа ва авзоъи сиёсии кишвар баҳсу табодули назар сурат гирифт.

Губернатор провинции Балх  Ата Мохаммад Нур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз таҳсил дар донишгоҳи Тоҷикистон то сулҳ бо Толибон: мусоҳибаи Ато Муҳаммади Нур - видео

Ин ду чеҳраи маъруфи сиёсати Афғонистон ворисони муқовимати зиддитолиб таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуданд, ки пас аз ба қудрат расидани ҳукуматҳои таҳти сарпарастии Амрико як замон дар як сангари сиёсӣ муштарак мубориза бурданд ва қабл аз интихоботи ахири президентии он кишвар, ба истилоҳ, ба "сагу пишак" табдил ёфтанд. Тасаввури ин мушкил буд, ки ҳарду дигарбора канор оянд.

Аз дӯстӣ то дандонкашӣ

Доктор Абдуллоҳ соли 2001 пас аз ба қудрат расидани Ҳомид Карзай таҳти пуштибонии Амрико, вазири хориҷии Афғонистон ва як шахси калидии сиёсатҳои Афғонистон буд, ки баъдтар аз саҳна канор зада шуд. Ӯ дар интихоботи президентии соли 2009 – и Афғонистон дигарбора ба саҳна омад ва дар муқобили Ҳомид Карзай – раисҷумҳури вақт номзадиашро гузошт. Қавитарин бозуяш маҳз Устод Атомуҳаммади Нур, он замон волии қудратманди вилояти калидии шимол – Балх буд.

Сафири навтаъини Афғонистон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Сафири нави Афғонистон – дучархароне аз роҳҳои Ромиту Хоҷа Обигарм

Абдуллоҳ он интихоботро бохт, аммо дигарбора дар интихоботи соли 2014, ин дафъа бо Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, чеҳраи дигаре аз “кадрҳои Вашингтон” вориди рақобат шуд.

Ҳамоно қавитарин пуштибони ӯ волии билоивази Балх буд, ки акнун бо алқоби “император” ё “Шоҳи Шимол” шуҳрат ёфта, чандон фармон аз ҳукумати Кобул намебурд.

Он интихобот низ барои Абдуллоҳ бо нокомӣ анҷом ёфт, вале дар пайи як тавофуқи сиёсӣ бо Ғанӣ ҳукумати Ваҳдати миллӣ эҷод шуд, қудратро 50 ба 50 миёни онҳо тақсим мекард. Ғанӣ амалан нагузошт, ки Абдулло аз ин саҳм баҳрабардорӣ кунад.

Нур Абдуллоҳро "нотавон" хонд ва худ бо Ғанӣ барои ҳалол кардани он 50% - и қудрат вориди музокирот шуд. Ин ихтилоф Абдуллоҳро бо Ғанӣ наздик сохт. Кор ба барканории Нур аз мақоми волии Балх дар соли 2018 кашид. Вай гуфт, ин кори Абдуллоҳ аст.

“Абдуллоҳ чун мори остин алайҳи ман мушкил халқ карда. Дандонҳое, ки ин сари ман тез карда, ба кӯмаки Худо мекашам”, - гуфт Ато.

Доктор Абдулло дар посух эълон кард, ки барканории волии Балх на тасмими ӯ, балки раисҷумҳур аст ва бо ишора ба ҳузури тӯлонии Устод Ато дар симати волии Балх афзуд, як рӯз бояд ин кор мешуд.

Рамзи НАТО дар Брюсел. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шпигел: Ато Муҳаммади Нур дар рӯйхати сиёҳи НАТО

“Як таклифи дигаре ба ман пеш омад, ки минбаъд бояд мутаваҷҷеҳи дандонҳои худам ҳам бошам, то касе бехабар накашад”, - бо шӯхӣ гуфт Абдуллоҳ.

Ҳамин гуна, роҳи ду шарики қудратманди сиёсии Афғонистон ҷудо шуд. Устод Ато дар интихоботи охирини президентии Афғонистон (2019) аз Ашраф Ғанӣ ҳимоят кард. Доктор Абдуллоҳ расман дигарбора интихоботро бохт, аммо бо шеваи пешин – саҳми зиёд дар қудрат ва ҳам вазифаи раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон.

Аммо оштии Абдулло ва Нур, ду сиёсатмадоре, ки замоне омода буданд дандонҳои якдигарро бикашанд ва ҳоло сари як пиёла чой ба мулоқот нишинанд. як хаёли дур аз тасаввур буд. Суол ин аст, ки чаро онҳо оштӣ карданд?

Вазъ ҷиддӣ аст

Муҳибуллоҳ Нурӣ, мушовири Доктор Абдуллоҳ, гуфт, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мулоқот зуҳри 6 ноябр дар манзили Доктор Абдуллоҳ, дар маҳаллаи Баҳористони Кортаи Парвони шаҳри Кобул анҷом гирифт.

“Ин тақозои вақт аст. Раванди гуфтугӯҳои сулҳ, тақвияту ҳимоят аз мусолиҳа миллӣ, авзоъи ҷорӣ ва таҳаввулот сиёси кишвар ин қаробатро муҳимтар аз ихтилоф кардааст”, - гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.

Қорӣ Қудратуллоҳ Ҳурмат, ёвари Устод Атомуҳаммади Нур, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, робитаи ду раҳбар аз қабл шурӯъ шуд. Вай афзуд, қаблан Доктор Абдуллоҳ ду маротиба ба манзили Устод Атомуҳаммади Нур омада буд.

© акс аз саҳифаи Абдуллоҳ АбдуллоҳМулоқоти доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Устод Атомуҳаммади Нур
Аз тарси толиб ё алайҳи Раббонӣ? Абдуллову Ато оштӣ шуданд-акс - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Устод Атомуҳаммади Нур

“Вазъ воқеан ҷиддӣ аст. Имрӯзҳо мо бо раҳбарону намояндагони ақвому аҳзоби дигар низ мулоқотҳо анҷом медиҳем. Ин талошҳо ба хотири эҷоди як инсиҷоми миллӣ аст, бахусус, ин ки дар ҳоли ба ҷое нарасидани раванди сулҳ бояд чӣ кор кунем”, - гуфт Қорӣ Қудратуллоҳ Ҳурмат.

Толиб ё Раббонӣ?

Абдуллову Нур чаро ба ҳам меоянд? Дар посух ба ин суол коршиносони Афғонистон назарҳои гуногунро ироа медиҳанд. Раззоқи Момун, рӯзноманигори муқими Австралия бар ин аст, ки онҳоро “тарс аз Толибон” ба ҳам овардааст:

Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамдардии Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Шаҷариён муъаррифи ашъори шоирони бузурги забони форсӣ аст

“Иҷмоъи инҳо аз тарси тағйироти баъдӣ аст. Хабар ёфтаанд, ки Толибон фақат худашонро нишона гирифтааст. Толибон Ғанӣ ё гурӯҳи воридшуда аз хориҷ ба ҳукумати Афғонистонро ҷиддӣ намегирад. Онҳо хуб мефаҳманд, ки тавре дар солҳои 90-ум буд, танҳо монеаи ба қудрат расидани онҳо ва таҳаққуқи истротежии Покистон дар Афғонистон ҳамоно бозмондаҳои муқовимати Аҳмадшоҳи Масъуданд”, - гуфт Раззоқи Момун.

Иддае аз коршиносон ба тағйири қудрат дар Амрико, кишвари аслии сармоягузор ва пуштибони Афғонистон ишора карда, мегӯянд, чӣ бимонад, ё биравад қавоиди бозиҳои ин абарқудрат дар минтақа тағйир мехӯранд ва раҳбарони тоҷик ҳоло суду зиёни худро муҳосаба мекунанд.

Як коршиноси дигар, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, оштии ин ду нафар бо миёнҷигарии эрониҳо иттифоқ афтода, чизи дигаре, ки онҳоро ба ҳам овардааст, иттиҳод дар баробари раҳбари Ҷамъияти исломӣ Салоҳуддин Раббонӣ аст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳангоми музокироти ҳайати Толибон ( мамнӯъ дар Русия) ва ҳайати Ҳукумати Афғонистон дар Қатар - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ гуфт, саҳифаи сулҳ мекушоем: гуфтушуниди Толибону Ҳукумат дар Қатар-акс

“Нур даъвои раҳбарии Ҷамъиятро дорад, Абдулло низ то ба ҳол номзади Ҷамъият дар интихоботҳо буд. Ҳоло нерӯи наве бо меҳварияти Салоҳуддин Раббонӣ ва Аҳмад Масъуд шакл мегирад, ки пуштибонии бештари мардумӣ дорад ва дар оянда ин ду чеҳраро метавонад аз сиёсат канор занад. Вазъе, ки пас аз сулҳ бо Толибон ва интихоботи Амрико пеш меояд, Ҷамъиятро дигарбора дар садри муқовимати зиддитолибӣ қарор медиҳад ва пешравиҳои Толибону Амрико дар минтақа низ ба ин ҳизб бастагӣ дорад”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҷамъияти исломӣ, як танзими қудратманди сиёсиву низомии Афғонистон аст, ки умдатан аз тоҷикон иборат буда, дар замони муқовимат таҳти раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд бори аслии мубориза бо Толибон ва терроризми байнулмилалиро мекашид. Пас аз шаҳодати ин ду нафар Ҷамъияти исломӣ ба гуруҳҳои мухталиф тақсим шуд, аммо қисмати умдаи он бо Салоҳуддин Раббонӣ боқӣ монд.

Дар лаҳзаҳои омода шудани ин гузориш аз Куҳдоман, қисмати шимолии Кобул хабар расид, ки Амонуллоҳи Гузар, яке аз фармондеҳони матраҳи Шимолӣ – вилоятҳои шимоли пойтахти Афғонистон ва шарики Устод Атомуҳаммади Нур ба Салоҳуддин Раббонӣ пайваст. Иттифоқе, ки ҳеҷ гоҳ ба нафъи Абдуллоҳу Нур нахоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0