15:51 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
318 0 0

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, пас аз эъломи пирӯзии Байден дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ИМА дар баёнияе эълом кард, алайҳи натиҷаи интихобот шикоят мекунад ва ин воқеаро ба додгоҳ мекашад

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Амрико дар вокуниш ба гузориши расонаҳои амрикоӣ дар бораи пирӯзии рақибаш аз ҳизби демократҳо таъкид кардааст, ки Ҷо Байден бо тақаллуб ва бидуни мадрак дар эъломи пирӯзӣ дар интихобот шитоб кард.

Доналд Трамп дар баёнияи худ бо ишора ба ин ки интихобот ҳанӯз ба поён нарасидааст, муддаӣ шуд, ки Байден бо ҳамроҳии расонаҳои муттаҳидаш худро бо шитоб дар мавқеияти баранда қарор додааст то ҳақиқат ифшо нашавад, навиштаст “Парстудей” аз қавли шабакаи телевизионии “Алҷазира”.

Манбаъ афзуд, бар асоси гузориши бисёре аз расонаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла хабаргузории “Ассошейтед Пресс”, Ҷо Байден, номзади ҳизби демократ бо 290 раъйи электрол ва шикасти Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии феълии Амрико чиҳилу шашумин раиси ҷумҳурии ин кишвар шуд.

Шабакаи телевизионии Си Эн Эн таъкид кард, бо эъломи пирӯзии Байден дар Пенсилвания, Кобуси Трамп ва даврони раёсати ҷумҳурии вай поён ёфт.

Мавзӯъҳои асосӣ