10:10 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
99110

Раҳбари Ҳизби либерал демократи Русия Владимир Жириновский дар мавриди интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ибрози назар намуд

ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Роҳбари Ҳизби либерал - демократии Русия Владимир Жириновский ба номзади ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп маслиҳат додааст, ки ба пирӯзии демократ Ҷо Байден дар интихоботи ИМА муқовимат кунад.

Ба гуфтаи Жириновский, ҳама гуна интихоботҳо бояд бевосита дар рӯзи интихобот ба поён расанд.

"Доналд Трамп, ман ба шумо маслиҳат медиҳам, ки муқовимат кунед. Ҳар интихобот бояд дар рӯзи таъиншуда ба поён расад. Дар Иёлоти Муттаҳида ин рӯзи 3 ноябр буд. Ҳар касе, ки рӯзи дигар ба участкаи интихоботӣ меояд, девона ҳисобида мешавад", - гуфт раиси Ҳизби либерал-демократӣ дар канали Telegram.

Сиёсатмадор таъкид кард, ки танҳо варақаҳои интихоботии пеш аз ба охир расидани рӯзи овоздиҳӣ тавассути почта фиристодашударо бояд дар интихоботи президентии ин кишвар ба назар гиранд.

"Ва бо ҳамаи овозҳои қонунӣ шумо пирӯз мешавед. Шумо як дастаи пурқудрат доред: ба додгоҳҳо муроҷиат кунед, овозҳои пас аз рӯзи овоздиҳӣ ворид шударо беэътибор кунед. Ба Суди Олӣ муроҷиат кунед ва пирӯзии худро эътироф кунед! Мардуми Амрико бо шумо ҳастанд", - илова кард Жириновский.

Интихоботи президентии ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор шуд. Мубориза дар байни раҳбари амалкунандаи кишвар Доналд Трамп, ки аз ҷониби Ҳизби ҷумҳурихоҳ пешбарӣ шудааст ва намояндаи Ҳизби демократ Ҷо Байден вусъат ёфт.

Жириновский: озариҳо - форсанд, ки туркҳо дар роҳ аз Осиёи Марказӣ онҳоро турконданд-видео

7 ноябр Байден, ки аз 270 овози зарурӣ 290 овоз гирифт, худро президенти тозаинтихоби ИМА эълон кард.

Байден президенти 46 - уми Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд. Вай дар охири моҳи ноябр 78 - сола мешавад ва кӯҳансолтарин раҳбари Амрико хоҳад буд.

Барчаспҳо:
Интихоботи президентӣ, тавсия, Владимир Жириновский

Мавзӯъҳои асосӣ