Файзов: Эмомалӣ Раҳмон номи нав дар радифи Линколн, Черчил, Пётри Кабир, Кастро, Че Геваро

Обуна шудан
Ёдгор Файзов, муовини раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо нашри як изҳорот ҳамдиёронро бо Рӯзи Президент , ки 16 ноябр таҷлил мешавад, шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Файзов мегӯяд, дар таърихи Тоҷикистон омадааст, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал маросими савгандёдкунӣ ва ба адои вазифа оғоз кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд.

Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Давлатзода гуфт, буҷа аз таътили андозӣ дар пандемия чанд пулро аз даст дод

Ӯ афзуд, дар таърихи инсоният шахсиятҳое гузаштаанд, ки бо корномаву қаҳрамониҳо, хидматҳои беназир ба давлату миллати худ, фидокорию азхудгузаштагиҳо, сиёсату давлатдорӣ, баланд бардоштани обрӯву мақоми кишвар, созандагиву ободкориҳо исми худро абадан дар саҳифаи таърихи дунё абадан сабт кардаанд. Дар ин радиф Ҷорҷ Вашингтон, Авраам Линколн, Франклин Рузвелти амрикоӣ, Александр Невский, Пётри Кабири рус, Шарл де Голи фаронсавӣ, Уинстон Черчилли англис, Махатма Гандӣ, Ҷавоҳирлол Неҳруи ҳинду, Мао Тзедун, Си Ҷин Пини хитоӣ, Камол Отатурки турк, Фидел Кастрои кубагӣ, Че Гевараро аз Амрикои Лотинӣ ном бурдан бамаврид аст, ки бо кору амали худ, ҷонфидоиҳо баҳри Ватан зинданом мондаанд.

Ба гуфтаи Файзов, дар ин радиф номи наве зуҳур намуд, ин Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар замони муосир раҳнамои ҳақиқӣ ва ҳодии асили миллати тоҷик шумурда мешавад.

Портфель с документами  - Sputnik Тоҷикистон
Бо розигии Раҳмон: вакил Исмоилзода мансаби нав гирифт

“Эмомалӣ Раҳмонро, қабл аз ҳама, чун наҷотдиҳандаи Ватани маҳбубамон арҷ мегузорем, зеро ӯ тавонист дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва ниҳоят мураккаб, ки Ватани азизамон – Тоҷикистон дар вартаи нобудӣ қарор дошт, кишварро наҷот бахшад”, - навиштааст Файзов.

Ӯ афзуд, дар он рӯзхо баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима диҳад.

Раҳмон гуфт, дар Бадахшон мадору қувват мегирад

Ба гуфтаи Файзов, Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми вилоят ихлосу мухаббати махсус дошта, аз раисиҷумҳур иқтибос овард, ки хангоми яке аз вохӯриҳояшон дар шаҳри Хоруғ кайд намудаст:

“Ҳар боре ки ба Бадахшон меоям, дидори пиру ҷавони ин диёри зебоманзар ба ман мадору қуввати дил мебахшанд”, - гуфтааст Раҳмон.

Раиси ВМКБ таъкид намуд, ки тоҷик дар атрофи роҳбар муттаҳидтар гардида, ҳушдор медиҳад, ки ҳеч гуна иғвою дасиса ваҳдату якдилии тоҷикистониёнро рахна карда наметавонад.

Дар охир Файзов бори охир Рӯзи Президентро шодбош гуфта,  саломатии бегазанду қалби фараҳманд, осудагию ободии хонавода, зиндагии шоду фирузро таманно кардааст.

Лентаи хабарҳо
0