16:16 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
237432

Сиёсатмадори рус Владимир Жириновский муттаҳидшавӣ бо Русияро ягона роҳи наҷот барои ҳифзи амнияти ҷумҳуриҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ номид

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Сиёсатмадори Русия, раҳбари ҳизби ЛДПР Владимир Жириновский дар, барномаи радиои "Комсомольская правда" вазъи Қарабоғи Кӯҳиро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, артиш ва силоҳи Русия ба Арманистон дар муқовимат бо ҷангиёне, ки аз Сурия оварда шудаанд, наонқадар кумак мекунад.

Жириновский қайд кард, ки дар сурати паҳн шудани таҳдиди террористӣ, Арманистон ба ҷуз аз пайвастан ба Русия роҳи дигаре нахоҳад дошт.

"Мо амалан собиқ ИҶШС-ро хоҳем гирифт, танҳо дар нусхаи кандашуда - як қисми Молдова, як қисми Гурҷистон, як қисми Озарбойҷон, тамоми Арманистон. Ман итминон медиҳам, ки бо муносибати хуб бо Тоҷикистон ва Раҳмон як чеҳраи оқил аст ва ӯ розӣ мешавад, ки ба Русияи нав комилан ҳамроҳ шавад. Ман онро Русияи бузург меномидам",- гуфт, Жириновский.

Жириновский: Тоҷикистон - қалъаи мо дар Осиё аст

Сиёсатмадор ба ҷонибдории ақидаи худ, изҳор дошт, ки Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон наметавонанд барои шикасти гурӯҳҳои ҷиноӣ аз Афғонистон тоб оранд ва онҳо ба кумаки Русия ниёз доранд.

Жириновский гуфт, чаро низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ хотима намеёбад

Жириновский дар хулоса гуфт, ки муттаҳидшавӣ бо як қатор кишварҳои собиқ ИҶШС ба ташкили давлати нав ва ҳалли як қатор масъалаҳои амниятӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Барчаспҳо:
Владимир Жириновский, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ