00:00 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
27210

Саъдӣ Шарифӣ, сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Афғонистон эътимодномаашро ба раисиҷумҳур, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ супорид

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими супоридани эътимоднома рӯзи гузашта дар шаҳри Кобул баргузор гардид.

Манбаъ афзуд, сафир Саъдӣ Шарифӣ дуруду паёми неки раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро ба Ғанӣ расонд.

Раисиҷумҳури Афғонистон аз таваҷҷуҳи хоси Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба ситоиш кард ва хоҳони тавсеаи бештари равобит дар ҳамаи заминаҳо миёни ду кишвари бародар шуд.

“Ҳамзамон таъкид гардид, ки муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба дар сатҳи олӣ ва зарфиятҳои то ҳол истифоданашуда имкониятҳои фарохро ҷиҳати вусъатбахшии робитаҳо байни ду кишвар фароҳам меоваранд”, - таъкид кардааст ВУХ Тоҷикистон.

Супоридани эътимоднома дар ҳолест, ки охири моҳи сентябр Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Афғонистон озод карда шуда, ба ҷои ӯ Шарифӣ Саъдӣ таъйин гардид.

Барчаспҳо:
қабули эътимоднома, сафир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ