Котибот истеъфои Пашинянро рад кард

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Армении Никол Пашинян
Премьер-министр Армении Никол Пашинян - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони Арманистон пас аз имзо шудани Созишномаи оташбас аз Никол Пашинян талаб доранд, ки истеъфо диҳад

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Рӯзи якшанбе як қатор расонаҳо аз истеъфои Никол Пашинян хабар доданд. Гӯё сиёсатмадор шоми рӯзи якшанбе чунин қарор қабул кардааст.

Хадамоти матбуотии сарвазири Арманистон ин хабарро бепоя хонд.

"Хабарҳо дар бораи истеъфои Никол Пашинян чунон бемаънӣ ҳастанд, ки ҳатто лоиқи раддия нестанд", - изҳор дошт сухангӯи сарвазир Мане Геворкян.

Сабаби истеъфои Никол Пашинян гуфта намешавад. Вале халқ пас аз имзо шудани созишномаи оташбас, аз рӯзи 10 ноябр ин сӯ истеъфои сарвазирро талаб дорад.

Қазияи Қарабоғи Кӯҳӣ

Вазъият дар Қарабоғи Кӯҳӣ авохири моҳи сентябр нотинҷ шуд. Маълум нест, кадом давлат аввал ба муноқиша оғоз кард, вале ҳам Армнистон ва ҳам Озарбойҷон ҳамдигарро дар кушодани оташ гунаҳкор карданд. 

Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон
Пашинян гуфт, "хатти сурх" - и масъалаи Қарабоғи Кӯҳӣ чӣ аст

Чандин талошҳо барои  оташбас бефоида анҷом ёфтанд ва бори чаҳорум бо дахолати президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, шоми 10 ноябр даст дод, то созишномаи оташбас имзо карда шавад.

Тибқи ин созишнома, Арманистон вазифадор аст, заминҳои Озарбойҷонро бозгардонад ва низомиёни ин кишвар манотиқи ишғолкардаро тарк кунанд.

Пашинян созишномаи имзошударо мушкилтарин қарор гуфт. Ӯ иқрор шуд, ки дигар роҳи ҳалле набуд.

Пас аз имзои созишнома дар Ереван тазоҳурот барпо шуд. Мардуми норизо аз қарори оташбас талаби истеъфои сарвазирро доранд.

Табибони рус ба қабули беморон дар Қарабоғи Кӯҳӣ шурӯъ карданд - акс

Дар баробари ин Пашинян чанд маротиба хабар дар бораи истеъфоро рад карда буд. Аз ҷумла ӯ қайд кард, ки ҳамакнун вазифадор аст, осоиштагӣ ва суботи кишварро ҳифз кунад.

Низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҳанӯз моҳи феврали соли 1988, замоне, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Қарабоғ дар бораи ҷудо шудан аз РСС Озарбойҷон эълом карда буд, оғоз ёфт. Ҳангоми муқовимати мусаллаҳона дар солҳои 1992-1994, Боку назорати минтақа ва манотиқи атрофи онро аз даст дода буд.

Лентаи хабарҳо
0