04:28 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
111730

Файзуллоев Машраб - раиси нави кумитаи иқтисоди Маҷлиси намояндагон профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ ва падари панҷ фарзанд мебошад

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Машраб Файзуллоев бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия интихоб гардид.

Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич 4-уми декабри соли 1973 дар ноҳияи Балҷувон дар хонаводаи хизматчӣ ба дунё омада, соли 1990 мактаби миёнаи №6 ба номи А. С. Пушкини колхози К. Маркси ноҳияи Фархорро бо медали нуқра ба итмом расонидааст.

Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1995 факултети банақшагирӣ-иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Доктори илмҳои иқтисодӣ ва профессор мебошад.

Аз соли 1996 то соли 1997 ба ҳайси ассистенти кафедраи "Иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ"-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз моҳи март то июни соли 1997 дар Маркази тайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогии (ЦПНПК) ДДМ ба номи М.В. Ломоносов, солҳои 1997-2000 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи кафедраи "Иқтисодиёти корхонаҳо ва асосҳои соҳибкорӣ"-и ДДМ ба номи М. В. Ломоносов таҳсил карда, рисолаи номзадиашро дар донишгоҳи М. В. Ломоносов ҳимоя намудааст.

Фармони Президент: тарбиятгари сиёсии низомиёни Горди Миллӣ иваз шуд

Аз моҳи ноябри соли 2001 то моҳи майи соли 2003 ба сифати муҳосиби Намояндагии Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон (Tajikair) дар Маскав, аз моҳи майи соли 2003 то моҳи феврали 2006 дар вазифаҳои ҷонишини сардори Мудирияти корҳо, сардори шуъбаи сиёсати иқтисодии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, сардори шуъбаи шартномаҳои КВД ҳавопаймоии "Тоҷикистон" фаъолият намудааст.

Аз моҳи феврали соли 2006 то моҳи феврали 2010 дар вазифаҳои декани факултаи таҳсили ғоибона ва мудири кафедраи менеҷменти инноватсионии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кор кардааст.

Унвони дотсенти кафедраи "Менеҷмент ва маркетинг"-ро бо фармони №2200/1148-д Комиссияи олии атестатсионии Федератсияи Русия аз 18.11.2009 сазовор гардидааст. Дар ин давра вазифаи раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Солҳои 2010-2012 дар докторантураи кафедраи менеҷменти инноватсионнӣ ва истеҳсолии Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи Маскав (МЭСИ) таҳсил ва рисолаи докториашро ҳимоя намудааст.

Моҳҳои сентябри соли 2012 ва апрели соли 2013  мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории ДМТ, ба тариқи озмун мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории ДМТ интихоб гардида, то 02 декабри соли 2013 дар ин вазифа кор кардааст.

10 фармони ҷадиди Раҳмон: кӣ барканор шуду кӣ вазифа гирифт

Аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи апрели 2015 ба тариқи гузариш мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон ва аз моҳи марти соли 2015 то 16 марти соли 2020 декани факултаи иқтисодии донишгоҳи мазкур буд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2006, Аълочии маориф ва илми  Тоҷикистон, аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ мебошад.

Муаллифи 4 монография, беш аз 160 мақолаҳои илмӣ ва 15 китобу дастурҳои таълимӣ мебошад.

Аз якуми марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.

Барчаспҳо:
профессор, интихоб, Маҷлиси намояндагон, муаррифии раиси нав

Мавзӯъҳои асосӣ