15:26 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
184 0 0

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, сиёсатмадори номии Афғонистон бо ҳайъаташ ба Тоҷикистон сафар мекунад. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки аз ин сафар бо худ дастовардҳои калон мебарад

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Мавзӯи сафари раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мулоқоти ӯ бо сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ баррасӣ гаштааст.

"Дар мулоқот мавзӯи сафари дарпешистодаи раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Тоҷикистон ва масоили ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - менависад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, доктор Абдуллоҳ Тоҷикистонро ҳамсояи нек, дӯсту бародар ва кишвари барои Афғонистон муҳим арзёбӣ намудааст.

"Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки сафари ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш ба Тоҷикистон бо дастовардҳои чашмрасе барои ду кишвар анҷом ёбад", - афзудааст манбаъ.

Сафири Тоҷикистон Саъдӣ Шарифӣ пуштибонии кишварамонро аз давлат ва мардуми Афғонистон дар ҳамаи заминаҳо ёдовар шуда, сафари дарпешистодаи Абдуллоҳро ба Душанбе заминасози густариши бештари равобит миёни ду кишвари бародар донист.

Ҳамчунин дар бораи вазъи имрӯзаи Афғонистон, таҳаввулот дар раванди сулҳ ва музокироти байниафғонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Комилов ва Абдуллоҳ хостори густариши равобити Афғонистону Ӯзбекистон шуданд

Барчаспҳо:
дастовард, сафар, Тоҷикистон, Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Мавзӯъҳои асосӣ