Таъйини сафири нави Молдова дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Владимир Головатюк, сафири нави Молдова дар Тоҷикистон таъйин шуд. Сафири қаблӣ дар пайи як моҷаро барканор шуда буд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Сафири нави Молдова дар Русия ва ҳамзамон дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон Владимир Головатюк таъйин гардид.

Андрей Негуца - Sputnik Тоҷикистон
Барои "амали нангин": Сафири Молдова дар Тоҷикистон барканор шуд

Таъйиноти ӯро ҳукумати кишвараш ба тасвиб расондаст, хабар дод Sputnik Молдова.

Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Владимир Головатюк  7 июни соли 1962 дар деҳаи Брэвичени ноҳияи Оргееви Молдова таваллуд шудааст. Маълумоти олии аввалашро дар шаҳри Санкт-Петербург гирифтааст ва инчунин соҳиби ду дипломи аврупоист. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.

То соли 2005 Головатюк аз рӯи ихтисос кор карда, сипас ба фаъолияти сиёсӣ гузашт. Феълан вакили парлумон ва роҳбари Комиссияи буҷаю молияи парлумони Молдова мебошад.

Сафири қаблӣ Андрей Негутса дар пайи пайдо кардани моли қочоқӣ дар бағоҷи мошинаш барканор шуда буд. Ба гуфтаи намояндагони Ҳукумати Молдова агар Негутса ба қочоқи мол бевосита робита надошта бошад ҳам, то дараҷае масъул аст, чун ҷинояткорӣ бо истифода аз мошини дипломатӣ сурат гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0