23:36 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
412 0 0

Эмомалӣ Раҳмон президенти Русия Владимир Путинро барои миёнравӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ изҳори сипос кард ва нақши Русияро дар ин раванд махсус қайд кард

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар соли 2020 вазъият дар ҷаҳон ва қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил мушкил буд, изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбари давлат низоъ дар Қаробоғи Кӯҳиро махсус қайд кард.

Мулоқоти онлайнии Раҳмон, Путин, Мирзиёев ва дигар сарони ИДМ - анҷоми пахши мустақим

"Мо созиш дар бораи оташбас ва тамоми амлиёти ҷангиро дар Қаробоғи Кӯҳӣ ҷонибдорӣ мекунам", - гуфт ӯ дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ.

Афзун бар ин, роҳбари Тоҷикистон аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин барои миёнравӣ дар бақарор кардани сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ изҳори сипосгузорӣ кард.

"Кӯшишҳои фаъолонаи миёнравии Русия ва шахсан Владимр Путин ин раванд сазовори баҳои баланданд", - таъкид кард вай.

Путин дар бораи ҷанги Қарабоғ: Ӯ гуфт, ҷонибдори баргардонидани 7 ноҳия ба Озарбойҷон буд

Президент гуфт, Тоҷикистон доим ҷонибдори  сулҳу субот дар тамоми қаламрави ИДМ аст.

Барчаспҳо:
пазироӣ, Қарабоғи Кӯҳӣ, сипоснома, Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин

Мавзӯъҳои асосӣ