19:40 16 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
662 0 0

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар рафти нишасти сарони кишварҳои ИДМ аз Никол Пашинян, сарвазири Арманистон тарафгирӣ кард ва гуфт, ки чаро ӯро дар ин вазъияти баамаломада гуноҳкор намедонад

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар рафти нишасти сарони кишварҳои ИДМ ба ҳимояи сарвазири Арманистон Никол Пашинян пардохт.

Алиев таъкид кард, ки Арманистони муосирро на Пашинян, балки роҳбарони собиқи ин кишвар Серж Саргсян ва Роберт Кочарян бунёд кардаанд.

"Он артише, ки торумор карда шуд, артиши Пашинян, - артишест, ки Кочарян ва Саргсян бунёд карда буданд", - изҳор дошт роҳбари Озорбойҷон.

Ба гуфтаи Алиев, нафароне, ки ба Пашинян ҳамлаи лафзӣ мекунанд, бояд инро бифаҳманд.

Таниш дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Ёдовар мешавем, санаи 27 сентябр дар қаламрави ҷумҳурии эътирофнашудаи Қаробоғи Кӯҳӣ даргириҳо оғоз шуданд. Арманистон ва Озарбойҷон ҳамдигарро дар доман задани низоъ гунаҳгор карданд.

Ҳар ду кишвар ҳамдиггарро дар ҳамла ба қаламрави якдигар муттаҳам менамуданд. Дар ҷараёни даргириҳои ахири миёни ду ҷумҳурии Қафқози Ҷанубӣ даҳҳо нафар аҳолии бегуноҳ ҷон додаанд.

Ингуна даргириҳои шадид дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз соли 1994 мушоҳида нашуда буд – он замон даргириҳо хомуш шуда буд, аммо баҳс идома дошт.

Билохира, бо миёнравии Русия ин ду кишвар дар бораи оташбас дар минтақаи мазкур имзо карданд. Дар натиҷа Арманистон ӯҳдадор шуд, ки ҳудудҳои гирифтаашро ба Озарбойҷон баргардонад ва дар пайи ин норозигиҳои зиёди мардуми ин кишвар аз сиёсати Никол Пашинян сар шуданд.

Табибони рус ба қабули беморон дар Қарабоғи Кӯҳӣ шурӯъ карданд - акс

Худи Пашинян гуфт, ки ӯ дигар нахост ҷони ҳарбиёни кишварашро қурбони баҳс кунад ва барои ҳамин рӯи созишнома имзо гузошт.

Мавзӯъҳои асосӣ