04:17 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
319 0 0

Кишвардорони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни суҳбати телефонӣ ҳамдигарро бо Соли нави мелодӣ муборакбод намуданд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуд, хабар медиҳад котиботи президенти Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат ҳамдигарро бо Соли нав самимона табрик намуда, зимни таманниёти неки хеш ба мардумони тоҷику ӯзбек сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки сарфи назар аз мушкилоти воқеии соли равон, ҷонибҳо тавонистанд аксари тавофуқоти қаблан бадастомадаро амалӣ гардонанд.

Аз ҷумла ба истифода дода шудани коргоҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон "Артел Авесто Электроникс" мебошад, ки аз ҷониби бародарони ӯзбек дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон сохта шуда буд.

Шодбошии бародарона: кадом президент аввалин шуда Раҳмонро табрик кард?

Сарвари давлат ҳамкории зичи тарафҳоро дар шароити паҳншавии пандемияи COVID - 19 махсусан таъкид намуда, ба иқдомҳои башардӯстонаи Ӯзбекистон нисбат ба кишвари Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Барчаспҳо:
Соли нав, Шавкат Мирзиёев, Эмомали Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ