02:37 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
716 0 0

Маҳматдоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷамъбасти сол ба бархе аз вакилони парлумони тоҷик ордену медал ва ифтихорномаҳо тақдим кард

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Бо ордени “Иттиҳод”, муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон, Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, муовини раиси Маҷлиси намояндагон,  Мансурӣ Дилрабо Сайдулло ва узви Кумитаи парлумон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар қадрдонӣ шуданд.

Мукофотҳо аз ҷониби Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба вакилони Маҷлиси намояндагон дода шудаанд, хабар додааст нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Манбаъ афзуд, ки бо медали “Барои таҳкими ҳамкории парламентӣ”,  Қодири Қосим ва  Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ, бо нишони фахрӣ “Барои хизматҳо дар рушди фарҳангу ҳунар” Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ ва Назирӣ Гулбаҳор Назир сазовор дониста шудаанд.

Нишони фахрӣ “Барои хизматҳо дар рушди матбуот ва иттилоот”-ро Холиқзода Абдураҳим Ғафор, Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович ва  нишони фахрӣ “Барои хизматҳо дар рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва сайёҳӣ”-ро Сафаров Зайнудин гирифтаанд.

Инчунин бо Ифтихорномаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вакилон Нас­риддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, Латифзода Рустам Барот, Содиқӣ Насиба Нуруллозода, Раҷабзода Равшан Муҳитдин, Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин, Ашурзода Гулбаҳор Сангилло, Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ, Усмонзода ­Саидҷаъфар Усмон ва Раҳматзода Рустам қадрдонӣ шудаанд.

Барчаспҳо:
Маҷлиси намояндагон, парлумон, вакилон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ