02:02 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
27701

Ҷейк Салливан, ки президенти тозаинтихоб Ҷо Байден ният дорад ӯро мушовири амнияти миллии худ таъин кунад, дар бораи нақшаҳои ояндаи маъмурияти нав дар ҳама робита бо Русия сӯҳбат кард

Маъмурияти нави ИМА ба нақша гирифтааст, ки бо Русия дар бораи тамдиди Аҳднома дар бораи коҳиш ва маҳдуд кардани силоҳҳои стратегии ҳуҷум гуфтушунид кунад.

Ҷейк Салливан дар ин бора зимни як сӯҳбат бо CNN гуфтааст.

Мавриди зикр аст, ки Ҷейк Салливани 44-соларо Ҷо Байдени ният дорад ба ҳайси мушовири амнияти миллӣ таъин кунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳатто дар авҷи Ҷанги Сард, кишварҳо соҳаҳои ҳамкорӣ доштанд, пеш аз ҳама масъалаҳои назорати силоҳ ва паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ.

"Ман итминон дорам, ки имрӯз ИМА ва Русия метавонанд дар доираи манфиатҳои миллии худ амал кунанд ва дар самти назорати силоҳ ва суботи стратегӣ пеш раванд ва таҳдиди силоҳи ҳастаиро ба тамоми ҷаҳон ҳаллу фасл кунанд ,"-гуфт Салливан.

Вай қайд кардааст, ки маъмурияти нав нақша дорад, ки фавран масъалаи дароз кардани шартнома дар бораи чораҳои минбаъд кам ва маҳдуд кардани яроқи стратегии ҳуҷумро ҳал кунад.

Салливан афзуд, ки ин ба манфиати ИМА аст.

Барчаспҳо:
музокирот, ИМА, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ