03:45 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
360 0 0

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул, бо Абдураб Расули Сайёф, яке аз чеҳраҳои матраҳи сиёсӣ, раиси Ҳизби даъвати исломӣ ва узви Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Фаҳим Кӯҳдоманӣ, аз наздикони Абдураб Расул Сайёф ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мулоқот дар манзили устод Сайёф, воқеъ дар вулусволии Пағмони вилояти Кобул, сурат пазируфт.

Вай афзуд, мавзӯъи мулоқоти ҷаноби сафири Тоҷикистон ва устод Сайёф раванди сулҳ дар Афғонистон буд.

"Ҷонибҳо аз пайвандҳои муштараки миллатҳои ду сӯи Ому ва зарурати як сулҳи минтақаӣ баҳсу табодули назар карданд.Оқои Шарифӣ дар ин дидор аз оқои Сайёф ба унвони як олими барҷаста ва аз чеҳраҳои машҳури мухолиф бо ифротгароӣ ва терроризм дар Афғонистон ёд карданд. Ҳамчунон оқои Сайёф ба сафири ҷадиди Тоҷикистон зимни хушомадгӯӣ афзуданд, ки орзу дорад ба зудӣ ва ба гунаи муфассал аз Тоҷикистон дидан кунад”, - гуфт Фаҳим Кӯҳдоманӣ.

Посухҳои раиси ВМКБ ба сафир: роҳи пешгирии таъсири бади Афғонистон то мушкили соҳибкорон

Вай афзуд, оқои Шарифӣ пас аз супурдани эътимодномааш ба раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ дар аввалин мулоқоташ бо чеҳраҳои сиёсии кишвар ба дидани оқои Сайёф рафтааст.

Саъдӣ Шарифӣ ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сафири ин кишвар дар Афғонистон таъин шуда, 6 декабри ҳамон сол дар Кобул эътимодномаи худро ба Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон супурда буд.

Абдураб Расули Сайёф, сиёсатмадори 75 – солаи афғон, яке аз чеҳраҳои матраҳи сиёсии Афғонистон тайи сӣ соли ахир ба шумор омада, дар замони муқовимат бо Толибон дар Ҷабҳаи Муттаҳиди таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд қарор дошт.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Абдураб Расули Сайёф фақат як маротиба соли 1996 дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ҳузур ёфтааст, он ҳам замоне, ки Толибон шимоли Афғонистонро забт карданд.

Ӯ бо иттифоқи Бурҳонуддини Раббонӣ, раисҷумҳури Давлати исломии Афғонистон, аз неруҳои Толибон дар Тоҷикистон муваққатӣ паноҳ бурда буд.

Ҳоло Абдураб Расули Сайёф яке аз чеҳраҳои матраҳи зиддитолибонӣ ба шумор меравад ва нуфузи зиёд миёни раҳбарони Афғонистон дорад.

Барчаспҳо:
сафир, мулоқот, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ