Сиёсатшиноси ҳарбӣ: вектори ҳамкорӣ миёни Русия ва Амрико тағйир меёбад

© AP / Susan WalshПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурияти кишвардори тозаинтихоби Амрико Ҷо Байден қасд дорад пас аз маросими савгандёдкунӣ, фавран ба баррасии эҳтимолияти тамдид додани Созишномаи коҳиши яроқи стратегии СНВ - 3 пардозанд. Тасмими маъмурияти Байденро сиёсатшиноси ҳарбӣ Андрей Кошкин шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Маъмурияти раисҷумҳури Амрико пас аз анҷоми маросими савгандёдкунӣ билфосила ба баррасии тамдид намудани Созишномаи СНВ - 3 шурӯъ кунанд, хабар медиҳад Энтони Блинкен номзад ба курсии котиби генералии ин кишвар.

"Ҳадди аққал бояд кӯшиш кард": коршинос дар бораи тамдиди созишномаи СНВ-3

Ба изҳори ӯ, тими нави Қасри сафед бар он мекӯшанд, ки созишномаи мазкур ҳатман давом дода шавад.Номзад ба котиби давлатӣ итминон дод, ки маъмурият ба ҳама гуна маҳдудиятҳо дар системаи дифои зиддимушакӣ розӣ нахоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, сиёсатшиноси ҳарбӣ, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносии донишгоҳи ба номи Плеханов, Андрей Кошкин аснои мусоҳибае дар барномаи радиои Sputnik Тоҷикистон вобаста ба ҳамин мавзӯъ ибрози назар кард.

"Бояд ба тасмимгириҳои маъмурияти Байден аҳсан гуфт, ки қасд доранд Созишномаи коҳиши яроқи стратегии СНВ - 3 - ро тамдид кунанд. Ин кор то як андоза вектори ҳамкориҳо миёни Русия ва Амрикоро тағйир медиҳад. Ин - хоҳиши нигоҳ доштани механизми нигоҳ доштани мусобиқаи силоҳи ҳастаӣ - эҳтимолан оғози сиёсати гуногуни маъмурияти Иёлоти Муттаҳида дар воситаҳои дорои силоҳи стратегӣ хоҳад буд. Ва, ба эҳтимоли зиёд, он бояд ба эҷоди созишномаҳои дигаре оварда расонад, ки метавонанд назоратро аз болои дороиҳои ҳастаии давлатҳо, аз ҷумла ИМА пурра фароҳам оранд", - шарҳ дод Кошкин.

Бояд зикр намуд, ки созишномаи СНВ - 3 миёни Русия ва Амрико 5 феврали соли 2011 эътибор пайдо кард. Бар асоси мӯҳтавои созишномаи мазкур, ҳар кадоме аз ин ду давлат бояд арсеналҳои ҳастаии худро ба ҳадде коҳиш диҳанд, ки бо гузашти ҳафт сол ва дар оянда низ шумораи умумии силоҳ  аз 700 мушаки баллистикии минтақавӣ, мушакҳои баллистикӣ дар киштиҳои зериобӣ ва бомбаандозҳои вазнин, инчунин аз 1550 пайкон ва аз 800 дастгоҳи сардидиҳанда бештар набошад.

Дар айни замон, СНВ -3 ягона шартномаест, ки миёни Русия ва Амрико эътибор дорад, ки дар самти маҳдуд кардани силоҳ равона мебошад. Эътибори созишномаи мазкур 5 феврали соли 2021 ба анҷом мерасад.

Лентаи хабарҳо
0