Содир Ҷабборов расман президенти Қирғизистон шуд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото
 Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар толори Филармонияи милли Қирғизичстон маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов бо ҳузури беш аз ҳазор меҳмон ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik.  Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов расман ба иҷрои вазифа сар кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков прибыл с официальным визитом в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

Ба иттилои манбаъ, маросими савгандёдкунии Ҷабборов дар толори Филармонияи милли ин кишвар бо ҳузури беш аз ҳазор меҳмон сурат гирифт.

Гуфта мешавад, миёни меҳмонон ҳамчунин собиқ кишвардор Сооронбой Жээнбеков, ки бо хоҳиши худ истеъфо дода буд, низ ҳузур дорад.

Манбаъ меафзояд, ҳамаи меҳмонон қабл аз иштирок дар маросими мазкур, аз ташхиси коронавирус гузаштанд.

Ҷабборов пас аз адои савганд дар муроҷиат ба тамоми шаҳрвандони Қирғизистон ваъда дод, ки софдилона ба халқу ватан хизмат мекунад.

Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов даъват шуд

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон рӯзи 10 январи соли ҷорӣ интихоботи фаврии президентӣ баргузор шуд ва Содир Ҷабборов бо ба даст овардани 79 дарсади раъйи интихобкунандагон барандаи ин маъракаи сиёсӣ эълон шуд.

Ҷабборов моҳи декабр дар паи нотинҷ шудани вазъият дар Қирғизистон аз зиндон баромад ва сарвазир таъин шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0