23:52 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
384 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки сару либоси мактабӣ дар Тоҷикистон пурра аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ таъмин шавад

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Ин дастури раисҷумҳур дар бораи таъмини либоси мактабӣ зимни ҷаласаи васеи Ҳукумат зикр гардидааст.

"Масъулин ва роҳбарияти вилояту шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини пурраи либоси мактабии истеҳсоли худӣ муваззаф гардиданд", - менависад дафтари матбуоти президент.

Гуфта мешавад, президент дастур дод, ки бо мақсади ҳар чӣ бештар фаъолтар намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷуда, коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои қатъи андешида шавад.

Бо дастури Қоҳир Расулзода: дар Тоҷикистон ярмаркаи фурӯши либоси мактабӣ баргузор мешавад

Гуфта мешавад, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир аз дастовардҳои саноатчиёни мамлакат дар соли 2020 ва суръати афзоиши маҳсулоти ватанӣ, таъсиси корхона ва ҷойҳои нави корӣ, ҷалби технологияи муосир ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот, ҳамзамон таъмини фаровонии бозори дохилӣ гузориш дод.

Ёдрас мешавем, ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Ҳукумат, президент Эмомалӣ Раҳмон 27 январ пас аз як рӯзи ироаи паёми кишвардор ба парлумон доир гардид. 

Масъулини кишвар дар ин ҷаласа ҳисобот доданд ва аз раисҷумҳур дастурҳо гирифтанд.

Барчаспҳо:
сарулибоси мактабӣ, либоси мактабӣ, дастур, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ