09:00 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
289 0 0

Қаср дар Геленҷик, ки дар бораи он Алексей Навалний мавод нашр кард, нотамом ва дохилаш дар марҳилаи оғоз қарор дорад, гузориш додаанд расонаҳо

ДУШАНБЕ, 29 янв – Sputnik. Даромадгоҳи қаср бидуни дарвоза буда, ҳеч гуна нусхаи Уқоби шоҳӣ бо тоҷ дар он ҷо нест, гузориш додааст шабакаи телеграмии Mash.

“Тасвири ин мавзеъ осон -  ин як бетони бузург мебошад. Амалан ҳама чиз дар ин ҷо дар марҳилаи оғози сохтмон аст”, - омадааст дар матлаб.

Рӯзноманигоронро намояндаи нозироти техникӣ роҳнамоӣ мекардааст, ки раванди сохтмонро тайи шаш соли охир назорат мекунад. Рӯзноманигорон ҳудуди 16 утоқи якхелеро дидаанд, ки аз бетони холӣ иборат будаанд.

Дар маконе, ки бар асоси “таҳқиқот”-и нашркардаи Навалний дар он чилимхона аст, ба ҷои лӯлаҳои дуд, утоқи ивазкунии либоси сохтмончиён ҷой гирифтааст. Утоқи ба истилоҳ “ифлос” низ дар оғози сохтмон қарор дошта, “акводискотека”-ро сохтмончиён дар ин ҷо фаввора меноманд, ки он ҳам ҳанӯз кор намекунад. Дар навори гузориш тахта, чӯб, бетон ва навиштаҷоти “розетка кор намекунад” намудор аст.

“Сари ҳар қадам дар ин ҷо сохтмончиёнанд. Вақте мо ба тамошои атроф машғул будем, бинокорон фаъолияташонро идома медоданд.... Ростӣ, то ҳадде дилбазан аст. Он қасрро надидем”, - изҳор дошт муаллиф.

Таъкид шудааст, ки ба гуфтаи сохтмончиён ин иншоот пурра баъди 5-6 сол мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд. Рӯзноманигорон аз соҳибони он даъват карданд, ки аз худ дарак диҳанд.

Қаблан Владимир Путин изҳор дошт, ки филм дар бораи “қаср” дар Геленҷикро тамошо накардааст, чун фурсати тамошои чунин матолибро надорад, аммо пораҳоеро аз он дидааст, ки ёваронаш ба ӯ пешниҳод кардаанд. Ӯ таъкид кард, ки ҳеч моликияте дар ин “таҳқиқот” ба ӯ ва наздиконаш тааллуқ надорад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, гуфт, ки соҳибони қаср дар Геленҷик як ё якчанд соҳибкоранд. Ба гуфтаи ӯ, дар Кремл ин номҳоро эълон нахоҳанд кард, зеро чунин тарзи кор нодуруст хоҳад буд. Дар дастгоҳи раисиҷумҳур инчунин афзуданд, ки аз омодасозии чунин фошкориҳои дурӯғин ва ҳамлаҳои иттилоотӣ қаблан огоҳӣ доштанд.

Барчаспҳо:
Путин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ