11:12 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Ҳасан Маҳмудзода мегӯяд аз донишу маҳорати худ ҷиҳати тақвияти муносиботи дуҷониба талош хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Ҳасан Маҳмудзода мулоқот намуд.  

Бино ба гузориши котиботи Маҷлиси намояндагон, дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Озарбойҷон, густариши муносибот дар бахшҳои илму маориф, иқтисод, тиҷорат, фарҳанг изҳори назар карда шуд.

Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Гасан Мамедзода
Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Гасан Мамедзода

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуда, ки Озарбоӣҷон яке аз ҷойгоҳҳои муҳим дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ишғол менамояд.

"Ман ҳавасмандии парлумони Тоҷикистонро ба рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо Милли Маҷлиси Озарбойҷон изҳор мекунам", - гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намудааст, ки парлумонҳои кишварҳои мо ҳанӯз ҳам аз имконот ва шароити мусоиди мавҷуда барои тақвияти ин равобит ба таври фаъол истифода накардаанд.

Ҳама ба ҳама: табодули маҳбусон байни Озарбойҷон ва Арманистон чӣ гуна буд - видео

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди тақвият додани муносиботи худ бо парлумонҳои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Озарбойҷон мебошад.

Ҳасан Маҳмудзода дар навбати худ, аз пазироии ҷониби Тоҷикистон арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки ҳамчун сафир аз тамоми имконот ва донишу маҳорати худ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар сатҳи олӣ ва тақвияти муносиботи дуҷониба талош хоҳад кард.

Барчаспҳо:
сафир, Маҳмадтоир Зокирзода, мулоқот, Озарбойҷон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ