17:07 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
599 0 0

Овозхони саршиноси Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Отаҷонов ки чанде пеш нияти иштирок дар интихоботи президентии ин кишвар намуда буд, аз анҷоми фаъолияти сиёсии худ хабар дод

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ҷахонгир Отаҷонов аз тарк намудани ҳизби сиёсие, ки махсус барои пешбарии ӯ ба мансаби президентии Ӯзбекистон таъсис ёфт, хабар дод.

Овозхони тасмими нави худро низ дар сафҳаи Instagram эълон кард. Ӯ мегӯяд, тасмими қаблии ӯ ихтилофи назар бо дигар намояндагони ҳизб ба миён овардааст.

Ҳамин тариқ, гумон аст, ки Отаҷонов дар интихоботи президентии Ӯзбекистон ширкат наварзад ва карераи сиёсии ӯ, зоҳиран, бидуни оғоз ба поён расидааст.

Қаблан Отаҷонов дар сафҳаи Instagram- и худ ба тамоми ҳаводоронаш хабар дод, ки дар интихоботи қарибулвуқӯи Ӯзбекистон ширкат мекунад ва тасмими худро аз он далолат мекунад, ки мехоҳад ватани худро рушд диҳад. Ӯ изҳор дошта буд, ки "ин изҳорот набояд ҳамчун киноя аз бесамарии президенти кунунӣ дониста шавад".

Зимнан, ҳафтаи гузашт овозхони саршиноси Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова ба тасмими ҳампешаи худ Ҷаҳонгир Отаҷонов, ки нияти кишвардор шуданро дорад, ҷавоби тунд задааст

Овозхони ӯзбек Ҷаҳонгир Отаҷонов мехоҳад президент шавад: аз сурудхонӣ даст кашид

Усмонова гуфт, Отаҷонов қудрати идора кардани Ӯзбекистонро надорад. Ба гуфтаи ӯ кишвардори феълӣ Шавкат Мирзиёев то расидан ба маснади президентӣ роҳи дарозу пурпечутобро тай намудааст.

Усмонова дар сафҳаи Telegram-канал, Отаҷоновро ба он муттаҳам намуд, ки ӯ аз уҳдаи нигоҳ доштани оилаи худ набаромадааст.

"Нафаре, ки дар ҷодаи худ муваффақ нест ва муҳимтар аз ҳама оилаи худро нигоҳ дошта натавонист, чӣ гуна метавонад президент шавад? Ҳар кас бояд кори худро анҷом диҳад. Ин бисёр хандаовар аст ва дилам барои чунин одамон месӯзад", - мегӯяд Усмонова.

Юлдуз мегӯяд, ҳампешаи ӯ имрӯз агар як гап занад, фардо мақсади ӯ куллан тағйир меёбад. Ӯ дар муроҷиат ба нафари президентшав гуфт, ки "ҷиддӣ шавад ва мардумро масхара накунад".

Барчаспҳо:
Интихоботи президентӣ, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ