10:51 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
371 0 0

Раҳбари собиқи Иёлоти Муттаҳида, пас аз тарки Кохи Сафед, аз ҳар вақта дида хушбахттар аст ва аз он меболад, ки зарурати посух додан дар шабакаҳои иҷтимоиро надорад

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Мушовири аршади Трамп, Ҷейсон Миллер гуфт, ки президенти пешини ИМА ва раҳбари ҷумҳурихоҳон пас аз тарки Кохи Сафед худро хушбахт эҳсос мекунад.

Президенти собиқи Иёлоти Муттаҳида бо маъмурияти Вашингтон хайрухуш кард ва ҳамроҳ бо ҳамсараш Мелания рӯзи 20 январ, чанд соат қабл аз савгандёдкунии Ҷо Байден Кохи Сафедро тарк кард.

"Президент пас аз рафтан табъи хеле хуб дошт.Бори аввал дар тӯли солҳои зиёд ман дидам, ки президент воқеан ором аст", - иқтибос меорад рӯзномаи Times аз Миллер.

Мушовири аршади Доналд Трамп ҳамроҳ бо ӯву оилааш дар дохили ҳавопаймо, ки самти қасри ӯ дар Флорида парвоз мекард, ҳузур дошт.

"Президент гуфт, ки аз ҳарвақта дида хушбахттар аст. Вай гуфт, ки дарвоқеъ бисёр хуб аст, вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестӣ ва зарурати ба касе посух навиштанро надорӣ", - ба ёд овардааст Миллер суханони собиқ кишвардори Амрикоро.

Мушовир гуфтааст, ки ҳамсари Трамп Мелания низ хеле хушбахттар шудааст. Қаблан, духтар ва дасти рости президенти собиқ Иванка тасмим гирифтанд, ки Вашингтонро тарк карда, ба Флорида, ба маконе бо номи "бункери миллиардер" кӯчанд.

Барчаспҳо:
Амрико, хушбахтӣ, Доналд Трамп

Мавзӯъҳои асосӣ