01:12 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1821 0 0

Кишвардори Қирғизистон мегӯяд, барои беҳтар кардани шароити зисти шаҳрвандон ҳоло кореро ба анҷом нарасондаст. Аз ин рӯ, овехтани акси ӯ дар ҳуҷраҳои идораҳои давлатӣ дуруст нест

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон хоҳиш намудаст, ки акси ӯ дар ҳуҷраҳои ва идораҳои давлатӣ овехта нашавад, хабар медиҳад сухангӯи президент Галина Байтерек.

"Раисҷумҳур бар ин назар аст, ки ҳоло барои пешрафти ҷумҳурӣ ва беҳтар кардани шароити зисти мардум кореро анҷом надодаст. Аз ин рӯ, ӯ дархост намуд, ки аксаш дар идораҳои давлатӣ овезон нашавад", - афзудааст Байтерек.

Ба изҳори ӯ, Ҷабборов тарафдори ҷой додани аксҳои ходимони давлатӣ дар ҳуҷраҳои кории мансабдорон аст.

Аз ҷумла, ӯ пешниҳод намудааст, ки аксҳои Юсуф Абдураҳмонов ва Исҳоқ Раззоқов дар идораҳои давлатӣ овезон шавад, чун онҳо барои пешрафти зиндагии мардуми қирғиз саҳми назаррас гузоштанд.

Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов даъват шуд

Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов пас аз ошӯбҳои ахир дар Қирғизистон аз зиндон озод ва сарвазир эълон шуд. Сипас ӯ дар интихоботи пеш аз мӯҳлат иштирок карда, баранда шуд.

Ҷабборов ҳамчунин маъракаи савгандёдкуниро бидуни меҳмонони хориҷӣ ва масрафоти зиёд анҷом дод.

Кишвардори собиқи Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бошад, чанд рӯз пеш ба қасди адои Ҳаҷ ба Туркия сафар кард ва аз он ҷо озими Арабистони Саудӣ шуд.

Барчаспҳо:
дархост, Қирғизистон, Содир Ҷабборов

Мавзӯъҳои асосӣ