19:42 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
113 0 0

Қарор аст, нимаи аввали соли 2021, кишвардори Афғонистон дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ озимӣ Қазоқистон шавад

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Қосим - Ҷомарт Тоқаев бо кишвардори Афғонистон Ашраф Ғанӣ телефонӣ суҳбат кардааст, хабар медиҳад котиботи президенти Қазоқистон.

Ба иттилои манбаъ, сӯҳбати телефонӣ бо дархости раисҷумҳури Афғонистон сурат гирифт. 

Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим Ҷомарт Тоқаев телефонӣ суҳбат кард

Гуфта мешавад, сарони Қазоқистону Афғонистон дар ҷараёни сӯҳбат дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Зимнан, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳангоми сафари ҳайати намояндагии ҳукуматӣ ба Қазоқистон дар нимаи аввали сол муколамаро оид ба масъалаҳои мушаххас идома медиҳанд.

"Аз Ашраф Ғанӣ дархост шуд, ки барои мустаҳкам кардани натиҷаҳои гуфтушунидҳо байни ҳайатҳои ҳукуматӣ ва баррасии дурнамои ҳамкориҳои байни Қазоқистон ва Афғонистон ба мамлакати мо ташрифи расмӣ оранд", - таъкид мешавад дар хабар.

Кишвардори Қазоқистон ба ҳамтои афғони худ тавзеҳ дод, ки кишвараш дар кори форумҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба таъмини амният ва кӯмак ба Афғонистон дар барқарорсозии иқтисодиёт ва инфрасохтори иҷтимоӣ фаъолона иштирок хоҳад кард.

Барчаспҳо:
даъват, Ашраф Ғанӣ, Афғонистон, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ