12:59 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
267 0 0

Як мансабдор аз Эрон дар ҳошияи барқарор шуани муносибатҳои ниҳоди марбуташ бо Вазорати меҳнат гуфтааст, ки Тоҷикистон Эрон як забон, тамаддун ва торих доранд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Мудири кулли корҳои байналмилалии Вазорати кооперативҳо, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Эрон аз афзоиши ҳамкориҳо бо масъулини Вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод, гузориш медиҳад "Парс тудэй".

Ба гузориши манбаъ, Алӣ Ҳусейн Шаҳривар дар нахустин  кори гурӯҳи муштараки видеоконфаронсӣ бо Вазорати муҳоҷират ва иштиғоли аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, ки ин ҳамкорӣ дар соҳаҳои таҳсилоти техникӣ ва касбӣ ва соҳибкорӣ мебошад.

"Агарчӣ Эрон ва Тоҷикистон марзи муштарак надоранд, вале тоҷикҳо ва Эрониҳо тамаддун, торих, фарҳанг ва забони воҳид доранд", - афзудааст вай.

Ба ҳамин далел Вазорати кооперативҳо, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Эрон ва Вазорати муҳоҷират ва иштиғоли аҳолии Тоҷикистон низ тавсеъаи ҳамкориҳои муштарак ва равобити мубтанӣ бар дӯстӣ ва ҳамкориро дар дастури кор қарор доданд. 

Дар нишасти  коргурӯҳи муштарак, пешнависи ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар ҳавзаҳои кор, иштиғолу омӯзишҳои касбӣ техникӣ ниҳоӣ шуд. 

Ҷалолӣ: тавлиди “Спутник V” дар Эрон метавонад ниёзи кишварҳои ҳамсояро низ бартараф кунад

 Ду тараф аз тариқи табодули иттилоот, аснод ва таҷриба, омӯзиш ва сафарҳои корӣ, баргузории ҳамоишҳо, семинарҳо ва гурӯҳҳои кории муштарак дар заминаҳои равобити кор, бозрасии кор, беҳдошту эминии муҳити кор, коҳиши ҳаводиси ношӣ аз кор, сиёсатҳои бозоркор, иштиғол ,табодули нерӯи кору омӯзиши касбии техникӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард. 

Барчаспҳо:
фарҳанг, забон, Тоҷикистон, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ