20:46 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
192 0 0

Интизор меравад, сафари Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас ба Тоҷикистон се рӯз идома ёбад

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас имрӯз озими Душанбе мешавад, хабар медиҳад котиботи созмони мазкур.

Ба иттилои манбаъ, сафари Зас ба Тоҷикистон аз 16 то 19 - уми феврал идома меёбад.

Интизор меравад, Дабири СААД дар ҷараёни сафари худ бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дидору мулоқот баргузор намояд.

Зикр мегардад, ки дар гуфтушунидҳо масъалаҳое чун, ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар доираи созмони мазкур ва ҳамчунин дурнамои густариши минбаъдаи робитаҳои бисёрсоҳавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Гузашта аз ин, мулоқоти Дабири кулли СААД бо роҳбарони сохторҳои қудратии ҳукумат низ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Станислав Зас барои маротибаи нахуст озими Тоҷикистон мешавад.

Суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров

Тоҷикистон имсол мизбони нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СААД аст. Тобистони имсол мебояд роҳбарони Арманистону Белорус, Русияву Қазоқистон ва ҳамчунин Қирғизистон барои иштирок дар нишасти мазкур озими Тоҷикстон шаванд.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, СААД

Мавзӯъҳои асосӣ