18:39 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
186 0 0

Мақомдорони Тоҷикистон бо сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ хайрбод мегӯянд

ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурияти дипломатии Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ дар Душанбе ба поён мерасад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин робита Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.

“Ҷонибҳо аз рушди пӯёи муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати таҳкими ҳамкориҳо байни Душанбе ва Риёз таъкид карданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУХ.

Ин ниҳод афзуд, ки Сироҷиддин Муҳриддин ба сафири Арабистони Саудӣ барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки ӯ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар саҳми назаррас  хоҳад гузошт.

Маъмурияти дипломатии Ал-Бодӣ, ки эътимодномааш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро моҳи ноябри соли 2016 супорида буд, акнун ба поён мерасад. Феълан маълум нест, сафири нави Саудӣ дар Душанбе кӣ мешавад.

Таъкид мешавад, ки тайи солҳои охир муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар бахшҳои гуногун таҳким ёфтанд. Сафоратхонаи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон соли 2010-ум ифтитоҳ шуда бошад ҳам Бунёди саудии рушд аз аввали солҳои 2000-ум дар маблағгузории лоиҳаҳои гуногун саҳмгузор мебошад.

Барчаспҳо:
хайрухуши дипломат, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ