12:34 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
236 0 0

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо Рефик Шабанович, сафири Хорватия дар кишвар густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, нахуст Зокирзода Шабановичро ба муносибати оғози фаъолияташ ҳамчун сафири Хорватия дар Тоҷикистон шодбош гуфта, умедвори таҳкими равобити дӯстона шудааст.

Зокирзода зикр намудааст, ки масоили таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвар аз сафари расмии Президенти Хорватия Степан Месич ба Тоҷикистон 23-25 майи соли 2009 асос мегирад.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷониби Тоҷикистон бар он ақида аст, ки потенсиали бузурги ҳамгироии иқтисодие, ки Иттиҳоди Аврупо дорост, моро имконият медиҳад, то дар ин самт фаъолиятамонро ба ҳайси яке аз ҳадафҳои асосии минбаъдаи худ муайян намуда, ба пешбурди робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратиамон такони тоза бахшем.

“Соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм аз самтҳои ояндадори ҳамкории ҳарду кишвар ва ҳам аз ҳамкориҳои афзалиятноки  мо бо Иттиҳоди Аврупо мебошанд”,- изҳор доштааст раиси Маҷлиси намояндагон.

Раиси парлумони касбии Тоҷикистон роҷеъ ба масоили ҳамкориҳои байнипарлумонӣ гуфтаст, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Парламенти Ҷумҳурии Хорватия (Хорватский сабор) дар ҳоли таъсис қарор дорад ва баъди тасдиқ ёфтани ин гурӯҳи байнипарламентӣ ҳамкорони хорватӣ огоҳ карда мешаванд.

Таъсис додани гурӯҳи мазкур ба фоидаи ҳарду ҷониб  буда ҷиҳати ҳарчи бештар рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнипарламентии мо хизмат хоҳад кард, таъкид шудаст дар мулоқот.

 

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Иттиҳоди Аврупо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ