Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Президенти Ӯзбекистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Дар доираи ин сафар Шавкат Мирзиёев аз вилояти Суғд низ боздид мекунад.
Тибқи барнома ҷонибҳо музокироти сатҳи олӣ баргузор мекунанд.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба таври онлайнӣ дар маросими ифтитоҳи беморхонае, ки Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва мактабе, ки Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд сохт, ширкат хоҳанд кард.
Дар идомаи нишаст ҷонибҳо созишномаҳои дуҷонибаро имзо карда, ҳамзамон изҳороти матбуотӣ хоҳанд дод.
Ҳамзамон сарони кишварҳо дар маросими гулгузорӣ назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ширкат хоҳанд кард.
20 матлаби дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала