22:48 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Бинои АУ ҶТ. Акс аз бойгонӣ

АУ ҶТ мактаби тобистона таъсис медиҳад

© Sputnik Игорь Лекаркин
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
4310

Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ дастгирии ҷавонони болаёқат унвон мегардад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Академияи улуми Тоҷикистон бо дастгирии бунёди гуманитарии ИДМ дар шаҳраки Саразми Панҷакент барои олимони ҷавон мактаби тобистона роҳандозӣ мекунад, иттилоъ медиҳад ин ниҳоди илмӣ.

Ба қавли сухангӯи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Шервони Умриддин аз 4-ум то 10-уми июли соли равон дар Саразми Панҷакент курси омӯзишии тобистона барои олимони ҷавон баргузор мешавад.

"Ин тарҳ аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳо бо дастгирии фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ ба амалӣ мешавад",-илова кард ӯ.

Ҳадаф аз роҳандозии ин давраи таълимии илмиро шиносоӣ бо таҷрибаи тадқиқотҳои бостоншиносӣ дар минтақаҳои куҳсор, усули ҳифз намудани маҳалаҳои таҳқиқи бостоншиносӣ дар мисоли Саразм, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳагии болооби Зарафшон дар ҳафриёти Саразм мегӯянд.

Барчаспҳо:
лексияи илмӣ, олимони ҷавон, мактаби тобистона, Академияи улуми Тоҷикистон, Шервони Умриддин, Саразм, Панҷакент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ