11:59 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Ноутбук. Акс аз бойгонӣ

Арманиҳо дар бораи 25.000 низомии Озарбойҷон маълумот нашр карданд

CC BY-SA 2.0 / Ed Ivanushkin
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ: аз ҷанг то ҳамлаҳои хакерӣ (5)
102 0 0

Ҳамлаи иттилоотӣ аз ҷониби гурӯҳи хакерии Monte Melkonian Cyber Army анҷом дода шуд. Ҳамин тавр, маълумот дар бораи низомиёни қисмҳои гуногуни Озарбойҷон дар истифодаи озод қарор гирифт. Қаблан хакерҳо дар бораи шикаста шудани сомонаи ҳукумати Озарбойҷон эълон карда буданд.

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Хакерҳои арманӣ маълумот дар бораи 25 ҳазор сарбозони озариро дар шабакаи интернетӣ ба истифодаи озод гузоштанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба саҳифаи Facebook-и Самвел Мартиросян.

Вазъ дар маҳалли ҳодиса дар Қарабоғи Кӯҳӣ
© Sputnik / Асатур Есаянц

Ҳамлаи иттилоотӣ аз ҷониби гурӯҳи хакерии Monte Melkonian Cyber Army анҷом дода шуд.

Қаблан хакерҳо дар бораи шикастани сомонаи ҳукумати Озарбойҷон эълон карда буданд, вале тибқи маълумоти РИА Новости дар лаҳзаи нашри маълумот сомонаи gov.az ҳамоно фаъолият мекард ва ягон нишонаи ҳузури афроди ғайр дар торнамо дида намешуд.

Арманистон ва Озарбойҷон 2 апрел дар бораи тезу тунд шудани вазъият дар минтақаи низоъангези Қарабоғ эълом карданд: Вазорати мудофиаи Озарбойҷон аз ҷумла дар бораи  тирпаррониҳо аз ҷониби Қувваҳои мусаллаҳи Арманистон ва Вазорати мудофиаи Арманистон бошад, дар бораи "амалиёти ҳамла" аз тарафи озарҳо иттилоъ дод.

Мувофиқи гузориши СММ оиди ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстона дар натиҷаи тезу тунд шудани вазъият дар Қарабоғ 33 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Мавзуҳо:
Низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ: аз ҷанг то ҳамлаҳои хакерӣ (5)

Мавзуъ

Нигаронии ВКХ-и Амрико аз басташавии дафтари радиои Озодӣ дар Боку
Барчаспҳо:
кашмакаш, даргирӣ, муноқиша, низоъ, ҷанг, СММ, Вазорати мудофиаи Озарбойҷон, Вазорати мудофиаи Арманистон, гурӯҳи хакерии Monte Melkonian Cyber Army, Қарабоғи Кӯҳӣ, Озарбойҷон, Арманистон

Мавзӯъҳои асосӣ