09:51 24 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Хоб

Олимон муайян карданд, ки хоби рӯзона кори қалбро суст мегардонад

© Flickr/ Rowan Saunders
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
111 0 0

Ба одамоне, ки аз бехобӣ азият мекашанд хоб рафтан дар давоми рӯз тавсия дода намешавад, зеро ин метавонад ба вайрон шудани низоми хоби шаб ва баланд шудани фишори хун оварда расонад.

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Чанд соат дар давоми рӯз ё баъди нисфирӯзӣ хоб рафтан ба саломатии инсон зарар мерасонад. Таҳқиқотчиёни бемористони Мэйои иёлоти Миннесоти ИМА баъди гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ ба чунин хулоса омадаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба нашриёти The Telegraf.

Коршиносон натиҷаҳои тадқиқоти худро дар конфронси ҷамъиятии  Амрико  оид ба омӯзиши "гипертония", ки ҳамасола  доир мегардад пешниҳод намуданд.

Мутахассисон маълум карданд, одамоне ки рӯзона хоб мераванд нисбати онҳое, ки то шаб аз хоб рафтан худдорӣ мекунанд то 13-19 фоиз бештар аз фишори баланди хун азият мекашанд.

Баландшавии фишори хун ба саломатии инсон хатари бузург дошта метавонад ба сактаи қалбӣ оварда расонад.

Мавзуъ

Олимон: нафақахуроне, ки кор мекунанд дертар пир мешаванд
Олимон: издивоҷ имконияти пирӯз шуданро ба саратон зиёд мекунад
Барчаспҳо:
баланд шудани фишори хун, хоби рӯзона, тадқиқот, сактаи қалб, коршиносон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ