10:10 16 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.66
  • RUB0.14
Кор бо компютер. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон аз ҷиҳати истифодабарандагони интернет дар ҷои 114 қарор гирифт

© Sputnik
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Мувофиқи нишондод наздики 18,7% шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар қиёс бо соли гузашта 4,3% зиёдтар аст, ба интернет дастрасӣ доранд: дар кишвар наздики 1,6 миллион истифодабарангони интернет ба қайд гирифта шудаанд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи истифодабарандагони шабакаи интернет дар мақоми 114-ум қарор дорад, иттилоъ медиҳад Internet Live Stats.

Дар соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ шумораи истифодабарандагони интернет ба 1,6 миллион нафар расида ин адад 18,7% аз шумораи умумии аҳолиии кишварро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли гузашта шумораи юзерҳои интернет 4,3% афзудааст.

Дар хати пеши рейтинг аз ҷиҳати истифодабарандагони интернет Чин қарор гирифта, шумораи юзерҳояш-52,2% мебошад. Дар ҷои дуюм Ҳиндустон бо нишондоди (34,8%). Сегонаи аввалро ИМА бо шумораи  (88,5%) ба охир мерасонад.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон дар хати пеши марра қарор гирифта, дар мақоми 37-уми рейтинги умумиҷаҳонӣ ҷой гирифтааст.  Қазоқистон дар мақоми 43, Афғонистон 99-ум, Қирғизистон дар ҷои 106-ум ва Туркманистон дар мақоми 134-ум қарор гирифтааст.

Дар маҷмӯъ рейтинг нишондодҳои 201 кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Шумораи умумии истифодабарандагони интернет аз рӯи нишондодҳо 3,4 миллиард нафарро ташикл медиҳад, ки ин нишондод 40% аҳолӣ аз шумораи умумиро дар бар мегирад. Ҷолиби диққат аст, ки соли 1995 ин нишондод дар тамоми кураи замин ба 1% баробар буд.

Мавзуъ

Эҳтимоли таъсиси сохтори байналмилалӣ барои назорати Интернет
Уламои дин дар Ӯзбакистон аз хатароти Интернет ҳарф мезананд
Барчаспҳо:
истифодабарандагони интернет, мақоми 114, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ