16:03 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Мардум зимни ҷашнгирӣ. Акс аз бойгонӣ

Олимон: қади шаҳрвандони Тоҷикистон ҳар даҳсола 1 см-рӣ баланд шудааст

© Sputnik Амир Исаев
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
85 0 0

Нишондодҳои садсолаи гузаштаро омӯхта олимон ба хуоса омаданд, ки дар давоми асри гузашта аз ҳама беш занони Кореяи Ҷанубӣ ва мардони Эрон қад кардаанд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Колеҷи шоҳигарии Лондон муайян намуд, ки дар давоми 100 соли охир чи гуна қади инсон тағйир ёфтааст, иттилоъ медиҳад The Guardian.

Маълумоти ҷавонони 18 сола (занон ва мардон)-и соли 1914 ро аз 200 кишвари дунё таҳлил намуда,  бо нишондодҳои соли 2014 муқоиса карда олимон ба хулоса омаданд, ки афзоиши қад  тамоюли умумиҷаҳонӣ мебошад.

Қади мардони Тоҷикистон то 10 см баланд шуда 171,3 см-ро ташкил медиҳад, вале занон дар ин ҷода каме қафо мондаанд. Бонувони тоҷик бошанд 6,4 см-ро илова намуда,  баландии миёнаи қади занони тоҷик 157,3 см-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфти таҳлилгар Ҷеймс Бентам чунин тамоюли ҷаҳонӣ ба истифодаи ғизои солим, тарзи ҳаёти зист ва гигиенаи шахсӣ вобаста аст.

Ба қавли Элио Риболи роҳбари шӯъбаи тандурустии ҷамъиятии колеҷи Шоҳигарӣ баландшавии қад ба соҳибонашон якқатор нишонаҳои мусбат зам мекунад.

"Қадбаланд будан" бо дарозумрии инсон нисбат дода мешавад. Сабабаш кам будани хатари гирифторӣ ба касалиҳои дилу раг миёни нафарони қадбаланд мебошад",-шарҳ дод ӯ. Дар баробари ин аз ҳама беш маҳз миёни инсонҳои қоматбаланд шахсони дорои маълумоти олӣ, донииш амиқ ва маоши баланд дучор мешаванд.

Дар асри қаблӣ мардони қадбаландтарини дунё шведҳо буданд, акнун бошад ҷои онҳоро ҳолладдиҳо гирифтаанд. Аз ҳама занони қадбалантарин дар Латвия ба сар мебаранд. Дар навбати худ аз ҳама мардони қабпаст (159,8см) дар Тимори Шарқӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳама занони қадашон нисбатан паст (149,5см) дар Гватемале зиндагӣ мекунанд.

Сегонаи қоматбаландони ҷаҳон чунин аст: Ҳолланд (182,5см), Белгия (181,7см), Эстония (181,6 см).

Агар дар бораи баланд шудани қад дар давоми асри гузашта ҳарф занем, мардони Эрон бо илова намудани 16,5см (173,6см) дар ҷои аввал қарор мегиранд. Дар ҷои дуюм  Гренландия бо илова намудани 15,4см (174,9см) ва Кореяи Ҷанубӣ бо илова намудани 15,1см (174,9см) дар мақоми сеюм қарор мегирад.

Бо ҳисоби миёна қади мардони рус дар давоми асри гузашта то 9,5 см баланд шуда,  (176,5 см)-ро ташкил медиҳад.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал мардони Туркманистон бо илова намудин 10,3см  қарор доранд. Баландии миёнаи қади онҳо 172 см-ро ташикл медиҳад. Мардони Тоҷикистон бо нишондоди 171,3 см аз онҳо каме ақиб мемонанд.

Дар ҷои сеюм мардони Қирғизистон бо илова намудани 11 см (171,2см) қарор дорад. Баъди онҳо қазоқҳо (171,1см) бо илова намудани 9,9см ҷой гирифтаанд. Узбакистон аз ҷиҳати баланд шудани қади мардон дар давоми асри гузашта бо илова намудани 8,3см (169,4 см) миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои охирон қарор гирифт.

Нишондоди занон дар ин бобат каме дигар аст. Занони қадбалантарини ҷаҳон дар Латвия (169,8 см) ба сар мебаранд. Дар ҷои дуюм —Эстония бо нишондоди (168,7 см) қарор гирифта, мавқеъи сеюмро занони ҳолландӣ бо нишондоди (168,7 см) ба адст овардаанд.

Дар давоми асри гузашта баландшавии қад аз ҳама беш миёни бонувони Кореяи Ҷанубӣ ба қайд гирифта шуд. Занони ин кишвар бо илова намудани 20,1 см (162,3 см) қад доранд. Баъди занони Корея бонувони Ҷопон бо илова намудани 16 см (158,3 см) дар ҷои дуюм қарор гирифта, занони Чехия бо илова намудани 15,7 см (168,5 см) дар мақоми сеюм ҷой гирифтанд.

Занони рус ба қадри 11,7 см баланд шуда, қомати миёнаи зани рус 165,3 см-ро ташкил медиҳад.

Аз миёни намояндагони ҷинси латифи Осиёи Марказӣ занони Туркманистон (161,7 см) бо илова намудани 8,8 см дар ҷои аввал қарор доранд.

Дар ҷои дуюм-Қазоқистон (159,6 см) бо илова намудани 8,5 см. Мақоми сеюми бонувони қоматбаланд ба намояндагони Қирғизистон (159,4 см), ки қадашон дар давоми як аср то 9,2 см баланд шудааст, дода шуд. Намояндагони  ҷинси латифи Узбакистон то 6,9 см қад кардаанд (157,8 см). Зебосанамҳои Тоҷикистон бо илова намудани 6,4 см (157,3 см) дар ҷои охирон қарор гирифтанд.

Барчаспҳо:
дар давоми як аср, баландшавии қад, Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ