20:57 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Кор бо планшет. Акс аз бойгонӣ

Олимон зарари солонаи камҳаракатии одамонро ҳисоб кардаанд

© Sputnik / Владимир Песня
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
7011

Давлатҳое, ки шаҳрвандони онҳо ба меҳнати ҷисмони машғул намешаванд , ҳамасола қариб 67, 5 млд долларро ҳангоми ба табобатхонаҳо муроҷиат кардан ва аз даст додани истеҳсолнокии меҳнат талаф медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Олимони донишгоҳи Сидней ҳисоб карданд, ки иқтисоди ҷахонӣ аз ҳисоби одамони фаъолияти ҷисмониашон сустбуда чӣ қадар зарар мебинад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Reuters.

Мувофики натиҷахои таҳқиқот, ки аз ҷониби якчанд гурӯҳи олимони ҷаҳон ҳангоми омӯхтани нишондодҳои якчанд миллион нафар ба даст омадааст,  67,5 млд. доллар — ин зарарест, ки иқтисоди ҷахонӣ барои хараҷоти  соҳаи тандурустӣ ва барои аз даст додани истеҳсолнокии умумии меҳнат, сарф мекунад.

Чуноне ки роҳбари гурӯҳи таҳқиқотӣ Мелоди Динг аз Донишгоҳи Сидней  қайд мекунад, қисми зиёди зарарҳо ба кишварҳои бой рост меоянд, аммо дар кишварҳои камбағал ҳам, ҳангоми ташаккул ёфтанашон  ин мушкилӣ рушд хоҳад шуд.

Мувофиқи силсилаи таҳқиқотҳо, тарзи ҳаёт-бидуни фаоълияти ҷисмонӣ боиси авҷ гирифтани касалии қанд, саратон, бемориҳои дил гардида, ҳамасола сабаби марги 5млн нафар одамон мегардад.

Мувофиқи гуфтаҳои Улф Экелунд  профессори донишкадаи  варзиши Норвегия, барои ҷуброн намудани зарар аз зиндагии ғайрифаъол бояд як соати рузро ба  фаъолияти ҷисмонӣ бахшид,  масъалан бо суръати 5,6 км/ соат пиёда роҳ гашт ё ин ки бо суръати 16 километр дар 1 соат дучарха ронд.

Ба қавли профессор аз ҳама муҳим, нисбатан зиёд намудани фаъолияти ҷисмонӣ мебошад: аз ду гурӯҳи одамон хатари авҷ гирифтани бемориҳо дар онҳое зиёд буд, ки камтар аз ҳашт соат дар ҳолати нишаста қарор доштанд ва камтар ба машқҳои ҷисмонӣ машғул мешуданд.

Мавзуъ

Олимон муайян карданд, ки шаробнӯшӣ саратонро вазнинтар мекунад
Олимон: издивоҷ имконияти пирӯз шуданро ба саратон зиёд мекунад
Олимон роҳи пешгирии сактаи мардонро пайдо намуданд
Барчаспҳо:
машқҳои ҷисмонӣ, дилу раг, бемориҳои саратон, тарзи ҳаёти ғайрифаъол, қанд, Улф Экелунд, Мелоди Динг, Сидней

Мавзӯъҳои асосӣ