Homo cosmicus: 5 таҳдид ва аҷоиботе, ки асри кайҳон овардааст

© Пресс-служба Роскосмоса / Гузариш ба медиабонкКосмонавты Роскосмоса Антон Шкаплеров и Александр Мисуркин во время выхода в открытый космос, архивное фото
Космонавты Роскосмоса Антон Шкаплеров и Александр Мисуркин во время выхода в открытый космос, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон, Sputnik Испания панҷ таҳдид ва аҷоиботи ба он марбутро, ки эҳтимоли рух додани он дар замин кам андар кам аст, гирд овардааст

Ҳамин тавр, 12 апрели соли 1961 башарият муҳимтарин гомро дар робита ба фатҳи ҳадди охирини номаълуми ҳаёт, яъне кайҳон гузошт. Ҳарчанд сайр дар мадори сайёраи Замин аллакай як чизи нисбатан оддӣ шуда бошад ҳам, вале на бисёриҳо дар сайёраи мо роҷеъ ба таҳдидҳое фикр мекунанд, ки бо онҳо мусофирони кайҳонӣ дар ҳаёти рӯзмарраи худ рӯ ба рӯ мешаванд ва  чӣ гуна ба онҳо муқобилият нишон медиҳанд.   

Махсусан бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон, Sputnik Испания панҷ таҳдид ва аҷоиботи  ба он марбутро, ки эҳтимоли рух додани он дар замин кам андар кам аст, ҷамъ кардааст

 1. Мушкилиҳои тавозунӣ

Кайҳоннавардон дар сафарҳои тӯлониии мадорияшон то 20% моеъоти хуни худро аз даст медиҳанд, дилҳо ва мушакҳояшон заифтару беҳол мегарданд, буғумҳои бадани онҳо васеъ шуда, пайвстҳои устухонҳояшонро аз ҳам ҷудо мекунанд. Бо мақсади коҳиш додани асароти харобкунандаи бадан, Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ (ИБК) бо дастгоҳҳои машқи махсус таҷҳизонида шудааст. Онҳо ба кайҳоннавардон дар хуб нигоҳ доштани шакли бадан кумак карда, шароити маҷозии заминро барои барқарорсозии баданашон муҳайё месозанд.

Космонавт Владимир Джанибеков - Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибеков дар бораи таҷрибаи беназири парвариши пахта дар кайҳон нақл кард

Вале барои барқарор кардани мушакҳои дандон, кайҳоннавардон аксар вақт дар даҳон сақичҳои маъмулии резиниро нигаҳ медоранд.

2. Парҳез дар кайҳонӣ

Баръакси устураҳои паҳнгардида, кайҳоннавардони муосир танҳо аз саноҷакҳои махсус хӯрок намехӯранд. Хӯрокҳои парҳезии онҳо аксаран хеле серғизоянд. Консерва, нӯшоба ва махлутҳои хӯшкшударо ҳамин ки гарму бо об омехта кард, зуд таъми шиносро пайдо мекунанд. Ҳамчунин як ё ду бор дар як моҳ бо дархости худи кайҳоннавардҳо ба мадор барояшон мева ва сабзавоти тару тозаи яхбаста, якчанд чизҳои бомазза, фиристода мешаванд.

Боз як устураи дигари паҳншуда — ин дар бораи об аст. Имрӯз дар ИБК мисли пештара обро аз таркиби пешоби онҳо ҷудо намекунанд. Ин аллакай садаи гузашта аст. Чӣ об ва чӣ моеоти дигар ҳамчунин аз Замин бароварда мешаванд.

Аммо чӣ тавр онҳо аз ғизоҳои хӯрдаашон "халос" мегарданд.

 3. Бори номатлуб

Низоми ҷамъоварӣ ва шустушӯи мадфӯи фазоӣ, ба унитази заминии муқаррарӣ монанд аст. Аммо ин танҳо дар назари аввал аст. Бо надоштани имкони такя ба шиддатнокии қувваи ҷозибаи замин, шустушӯи он тавассути лӯлачаҳое, ки мисли чангкашак кор мекунанд, ба амал меояд. Сипас мадфуоти ҷамъшуда аз киштии кайҳонӣ берун партофта, бо мурури замон дар атмосфера пурра сӯхта несту нобуд мегарданд.

4. Баҳси миқёси кайҳонӣ

Пойгаи кайҳонӣ пур аз ҳикояҳои ҳаяҷонангез аст. Мувофиқи яке аз онҳо, соли 1957, фавран пас аз сар додани мушаки аввал, шаробсози машҳури фарансавӣ Анри Мэр ваъда дод ба он нафаре, ки тарафи дигари Моҳро нишон медиҳад, ҳазор шиша аз шароби аълосифати гаронбаҳояш тӯҳфа хоҳад кард.

Пас аз ду сол, моҳи октябри соли 1959, дастгоҳи кайҳонии шуравӣ "Луна-3" аввалин бор аксҳоеро гирифту нишон дод, ки то он вақт касе надида буд. Они замон ин аксҳо тамоми дунёро чарх заданд.

Нахустин парвози инсон ба кайҳон: наворҳо аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин парвози инсон ба кайҳон: наворҳо аз бойгонӣ

Ҳадс мезананд, ки ҷаноби фарансавӣ ба ваъдааш вафо карду, дар арафаи Соли нави 1960 ҳазор шиша шароби аълосифати тамғааи Vin Fou-ро ба аъзоёни он гурӯҳи шӯравии барномаи кайҳонӣ тақдим кард. Яке аз он шишаҳоро то ҳанӯз дар Осорхонаи Кайҳоннавардони Маскав метавон дид.

5. Мушкилоти пайваст 

Дар моҳи июни соли 1975 нахустин вохӯрии кайҳонии байналмилалӣ баргузор шуд, ки бо номи "дастфушурӣ дар кайҳон" машҳур аст: киштии кайҳонии "Союз-19"-и Шӯравӣ ва "Аполлон"-и Амрико аввалин шуда ба ҳам пайваст гардиданд. Вале кам касоне медонанд, ки он замон онҳо "ҷинсҳояшонро иваз" карда буданд.

Гап дар сари он, ки вохӯриҳои маъмӯлӣ тибқи принсипи заминии "падар-модар" ба амал меоянд, яъне вақте ки як киштӣ ба киштии дигар аз ақиб пайваст мешавад.

Дар мавриди пайвастшавии киштиҳои "Союз" бо "Аполлон" маълум шуд, ки ҳарду "падар" будаанд. Барои бо муваффақият пайваст кардани онҳо, лозим шуд, ки ду "модари" байнихуд пайваст сохта шавад, то ки киштиҳои "падар" роҳат ба онҳо пайваст шаванд.

Лентаи хабарҳо
0