03:35 23 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Дар озмоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Қадрдонии ҳукумати Тоҷикистон аз ихтироъкорони ҷавон

© Sputnik / Сергей Пятаков
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
161 0 0

Дар доираи ҳамоиши ихтироъкорони Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот" Намоишгоҳи дастовардҳои ихтироъкорони ҷумҳуриро дар шакли лавҳаҳо, варақаҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоту экспонатҳо баргузор кардааст

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Рӯзи 27 апрел ба муносибати 25-солагии таъсисёбии низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар Муассисаи давлатии "Душанбе плаза" бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши навоварони Тоҷикистон баргузор шудааст.

Дар ин ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ихтироъкорон, намояндагони идораҳои патентии ИДМ, Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Ташкилоти патентии Уросиё Конференсияи байналмилалӣ ширкат кардаанд.

Дар доираи Форуми ихтироъкорони Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот" Намоишгоҳи дастовардҳои ихтироъкорони ҷумҳуриро дар шакли лавҳаҳо (банер), варақаҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоту экспонатҳо баргузор намуд.

Як қатор ихтироъкорон, ки саҳми босазои худро дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ гузоштаанд, бо мукофотҳо қадрдонӣ  шуданд.

Аз ҷумла, ихтироъкорон Ҷаҳон Азонов, Суҳбатҷон Баҳриев ва Саидилҳом Аҳмадзода бо мукофоти олӣ "Нишони фахрӣ"-и Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии металлургӣ"-и  Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминии тоҷик "ТалКО" бо медали тиллоии Ташкилоти патентии Уросиё ба номи В.И. Блинников "Барои саҳм гузоштан дар фаъолияти ихтироъкорӣ" қадрдонӣ шудаанд.

Ҳамчунин Мансур Қурбонов, номзади илмҳои кимиё, ходими калони илмии Маркази инноватсионии биологияи ва тиббии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамоиши ихтироъкорони Тоҷикистон маротибаи дуюм баргузор шуда, ҳадафи аслии он тарғибу ташвиқи масъалаҳои марбут ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ мебошад.

Барчаспҳо:
қадрдонӣ аз ҷавонони тоҷик, навораӣ, ихтироъкорӣ, Палатаи саноат ва савдои Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ