23:56 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Студентка в аудитории Московского педагогического государственного университета, архивное фото

Русия барои довталабони тоҷик 630 бурсияи таҳсилотӣ ҷудо кард

© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
72 0 0

Ҳукумати Русия мақсад дорад тобистони соли ҷорӣ, низ бурсияҳои иловагӣ барои довталабони тоҷик тақдим кунад

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Русия барои довталабони тоҷикистонӣ барои соли 2019, 630 бурсияи таҳсилотӣ ҷудо кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Манбаъ бо истинод ба Россотрудничество дар Тоҷикистон, афзудааст, ки дар Русия беш аз 20 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон  таҳсил мекунанд, ки қисме аз онҳо дар шакли буҷавӣ мехонанд. Ҳамагӣ 10 дарсади ин шумор ба воситаи бурсияҳои Россотрудничество ба таҳсил ҷалб шудаанд.

Дар муқойиса бо соли таҳсили 2018, имсол Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон 12 бурсия бештар ихтисос додаст.

Гуфта мешавад, ки тобистони соли ҷорӣ ҳукумати Русия барои довталабони тоҷик бурсияҳои иловагӣ барои таҳсил дар Русия ҷудо хоҳад кард, вале, шумор ва замони он ҳанӯз маълум нест.

Барчаспҳо:
таҳсил, бурсия, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ