05:23 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Школа

Ба омӯзгори беҳтарини дунё 1 миллион доллар туҳфа карданд

CC0 / Pixabay
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
408 0 0

Беҳтарин омӯзгори аз миёни 10 ҳазор довталаб аз 179 кишвари дунё интихоб шудааст

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар Дубай ба ғолиби ҷоизаи “Беҳтарин омӯзгори дунё” туҳфаи хотирмон супурданд. Соҳиби ин ҷоиза муаллими 36-солаи фаннҳои математика ва физика Питер Табичи аз Кения гаштааст, иттилоъ додааст РИА Новости.

Ҷоиза ва мукофотро бо миқдори 1 миллион доллари амрикоӣ ба ғолиби ин чорабинӣ ҳокими Дубай шайх Муҳаммад бин Рашид Ал-Мақтум  туҳфа кардааст.

Учитель года 2018 - кенийский педагог Питер Табичи
Учитель года 2018 - кенийский педагог Питер Табичи

Бояд қайд кард, ки ташкилкунандаи ин мукофот тоҷир аз Ҳиндустон Санни Варкей будааст. Аз соли 2015 инҷониб ӯ ҳамасола беҳтарин омӯзгори солро бо мукофот қадрдонӣ мекунад.

Имсол барои ба даст овардани ин ҷоиза қариб 10 ҳазор нафар аз 179 кишвари дунё ҳуҷҷат пешниҳод карда будаанд. 

Ғолиби ин маҳфили ҷаҳонӣ – омӯзгор ва руҳонӣ Питер Табичи ба мактаббачагон дар мактабҳои миёна дарс мегӯяд. Дар мактабе, ки ӯ дарс мегуяд ҳамагӣ як компютер барои ҳамаи хонандагон будааст.

Ин омӯзгор 80 фисати маоши ҳармоҳаи  худро ба камбағалон тақдим мекардааст.

Питер дар мактаби миёнаи як деҳаи дурдасте дар Кения дарс мегуфтааст. Қариб 95 фоизи талабагони ин деҳа камбағалон будаанд.

Ӯ дар ин мактаб маҳфили омӯзиш ва таҳқиқот ташкил кардааст. 60 дар сади шогирдони ӯ иштироккунандагони маҳфилҳои байналмилалӣ будаанд.  

Барчаспҳо:
мукофот, мактаб, дарс, омӯзгор

Мавзӯъҳои асосӣ