09:56 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Манекен на кровати. Архивное фото

NASA: 60 рӯз дар бистар хоб куну 18 ҳазор доллар туҳфа гир

© Sputnik / Максим Богодвид
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
495 0 0

Олимон мехоҳанд таъсири бевазнӣ ба мушакҳо ва ба муҳлати дароз дар шакли уфуқӣ хобиданро, ба ҷисми инсон муайян кунанд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Агентии кайҳонии Амрико NASA барои гузаронидани таҳқиқоте хоҳишмандонро ҷамъ оварда, барои тайи 60 рӯз дар рахти хоб дароз кашидан ба онҳо 18 ҳазору 400 доллар мукофотпулӣ медиҳад, иттилоъ додааст нашриёти The Mirror.

Дар ин санҷиш 24 нафар хоҳишманд қабул карда мешаванд. Олимон мехоҳанд таъсири камвазнӣ ва ба муддати тулонӣ дар ҳолати уфуқӣ ва ё хобида будан ба ҷисми инсон чӣ таъсир мерасонад.

Дар моҳи сентябр ҳамаи хоҳишмандон ба Маркази авиатсионӣ ва кайҳонии Олмон ҷамъ оварда шуда дар он ҷо давоми ду моҳ хобонда мешаванд. Дар ин ҳол тарафи сар нисбати тарафи пойҳо каме баландтар бояд бошад.

Дар ин ҳолат гардиши хун дар нуқтаҳои охир сут шуда ба танназули мушакҳо оварда мерасонад.

Барои он, ки хоҳишмандон зиқ нашаванд ба онҳо телевизор ва китобҳо пешкаш карда мешаванд. Онҳо ҳамчунин ба интернет дастрасӣ хоҳанд дошт.  

Баъди ба анҷом расонидани таҳқиқот ҳамаи иштироккунандагонро ба табобати 28-рӯза фаро гирифта хоҳанд шуд.

Барчаспҳо:
доллар, пул, хоб бурд, табобат, саломатӣ

Мавзӯъҳои асосӣ