09:40 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Азим Ғуломҳайдаров, сокини деҳаи Даштаки ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон, ки аз “Жигулӣ” “трактор” сохт

Аз “жигулӣ” трактор сохту дар хидмати мардум гузошт: ихтироъкории Ғуломҳайдаров дар ВМКБ

акс аз саҳифаи фейсбукии Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи Ҳукумати ВМКБ
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2812 0 0

Азим Ғуломҳайдаров, сокини деҳаи Даштаки ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон, аз таҷҳизоти мошини “Жигулӣ” барои корҳои кишоварзӣ “трактор” сохтааст

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи Ҳукумати ВМКБ, бо нашри аксҳои ихтироъкории Ғуломҳайдаров изҳор доштаст, ки ин ҷавон аз хурдсолӣ ба техника таваҷҷуҳ дошта, то ҳол таҷрибаи зиёде андӯхтааст.

Азим Ғуломҳайдаров, сокини деҳаи Даштаки ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон,  аз “Жигулӣ” “трактор” сохт
акс аз саҳифаи фейсбукии Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати ВМКБ
Азим Ғуломҳайдаров, сокини деҳаи Даштаки ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон, аз “Жигулӣ” “трактор” сохт

Ба иттилои манбаъ, Ғуломҳайдаров аз таҷҳизоти мошини “Жигулӣ”, аз ҷумла муҳаррики он барои анҷоми корҳои рӯзгор “трактор” сохтааст.

Азим Ғуломҳайдаров аз он изҳори қаноатмандӣ кардааст, ки дар мавсими баҳор хидмати мардумро анҷом медиҳаду  то ҳол техникааш зимни анҷоми корҳо нуқсу камбудиеро нишон надодааст.

Мавзӯъҳои асосӣ