11:46 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Дворец культуры Арбоб имени С. Урунходжаева в городе Худжанд, архивное фото

Ғолибони озмуни “Олими сол-2018” бо медал, диплом ва мукофоти пулӣ  қадрдонӣ гардиданд

© Sputnik / Амир Исаев
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
86 0 0

Дар бахши илмҳои гуманитарӣ номзади илмҳои филологӣ Субҳонҷон Аъзамов ва дар бахши илмҳои дақиқ доктори илмҳои педагогӣ Абдулатиф Азизов сазовори ҷойҳои аввал  гардиданд

ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Дар Муассисаи давлатии таълимиии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Олими сол-2018” дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ ҷамъбаст  ва ғолибони он  муайян  гардиданд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Бино ба иттилои манбаъ, дар бахши илмҳои гуманитарӣ номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик Субҳонҷон Аъзамов ва дар бахши илмҳои дақиқ доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технология ва методикаи таълимӣ Абдулатиф Азизов сазовори ҷойҳои аввал  гардиданд.

Ҳамчунин Хайрулло Сабуров, Ваҳҳоб Набиев, Қамариддин Тӯхлаев, Дилбар Раҳмонова, Дилбар Тоҷибоева мақомҳои дуввумро дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ ишғол намуда, ҷойҳои  ифтихорӣ насиби Абдусалом Абдуқодиров, Мамадраҳим Исмоилов, Толибҷон Хабилов, Абдуманнон Одинаев, Анисахон Ёқубова, Додахон Ғуфронов  гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода изҳори  умед намуд, ки минбаъд низ олимон  бо пешниҳоду андешаҳои тоза, баёну баррасии самтҳои афзалиятноки маърифат  барои рушди самтҳои Тоҷикистон нақши бориз мегузоранд.

Ғолибони озмун бо медал, диплом ва мукофоти пулии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Барчаспҳо:
олим, Озмун, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ