13:45 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Газированная вода

Олимони тоҷик “Гулоби Ирам” истеҳсол намуданд

CC0 / Pxhere
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
176 0 0

Олимони биологи тоҷик  истеъмоли оби нӯшокиро барои беморони гуногунсоҳа, аз қабили дил, диабети қанд, меъда ва дигарҳо тавсия медиҳанд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Олимони биолог аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи  гастроэнтерологияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар оби нӯшокии “Гулоби Ирам”-ро истеҳсол намуда, ба сокинони мамлакат манзур намуданд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”. 

Маводи истеҳсолшуда оби ошомидании бе газ буда, ба гурӯҳи “маҳсулоти хӯрокворӣ” шомил мешавад ва олимони биолог аз Академияи илмҳо чун истеҳсолкунанда дорои сертификати мутобиқат гардида, дар асоси маълумотномаи маркази ташхисии “Тоҷикстандарт” маводро истеҳсол менамоянд.

Бояд гуфт, ки олимони биологи АИ ҶТ  истеъмоли оби нӯшокиро барои беморони гуногунсоҳа, аз қабили дил, диабети қанд, меъда ва дигарҳо тавсия медиҳанд.

Ба гуфтаи академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳиба Яъқубова гулоби Ирам хусусиятҳое низ дорад, ки дар дигар обҳои нӯшокӣ дида намешаванд. Масалан, оби нӯшокии тавсияшаванда 180 шабонарӯз муҳлати истеъмол дошта, он аз шираи садбарг ва оби ошомидании тозакардашуда омода гардидааст.

Барчаспҳо:
истеҳсол, илм, олим, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ