05:51 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Спящая девушка, архивное фото

Чанд соат бояд хуфт, то зебо шуд

© CC0 / Pixabay
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
76000

Коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки на дертар аз соати 21:45 хоб кард

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Олимони бритонӣ муайян кардаанд, ки хоби муътадил на танҳо ба эҳсосоти умумӣ балки ба намуди зоҳирии инсон низ таъсир мерасонад, менависад "Известия".

Ба гуфти олимон аксари одамон, ки ҳангоми субҳ намуди зоҳириашон нотинҷ аст, реҷаи хоби бероҳат доранд. Ба ин далел авзоъи инсон ноҷур шуда, кас ба дипрессия гирифтор мешавад.

Дар паи баргузории чандин таҳқиқотҳо олимон ба хулоса омадаанд, ки давомнокии хоб бояд 9 соату 10 дақиқаро ташкил диҳад.

Маҳз ҳамин миқдор соат барои хоби пурра басанда аст, то намуди зоҳирии инсон зебо бошаду кас ба дипрессия дучор нашавад ва пӯсти рӯи инсон таровати тоза гирад.

Коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки бояд на дертар аз 21:45 хуфт ва соати 6:55 аз хоб бархост. 

Олимон гуфтанд, ки кадом мардон ба хиёнат қодиранд

Ба гуфти онҳо чунин давомнокии хоб ба вазъи саломатии инсон таъсири мусбат дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ